Иди Рамазон дар Тоҷикистон 31-уми август таҷлил мегардад

Аваз Юлдошев

Тибқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки имрӯз қабул гардид, соли равон Иди Рамазон дар Тоҷикистон санаи 31-уми август таҷлил мегардад. Тавре ба ОИ котиби Шӯрои уламои ҷумҳурӣ ҳоҷӣ Неъматулло Олимов хабар дод, субҳи рӯзи 31-уми август дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар ба муносибати анҷоми моҳи шарифи Рамазон намози Иди Фитр баргузор мешавад. Маъмулан, […]


Тибқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки имрӯз қабул гардид, соли равон Иди Рамазон дар Тоҷикистон санаи 31-уми август таҷлил мегардад.

Тавре ба ОИ котиби Шӯрои уламои ҷумҳурӣ ҳоҷӣ Неъматулло Олимов хабар дод, субҳи рӯзи 31-уми август дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар ба муносибати анҷоми моҳи шарифи Рамазон намози Иди Фитр баргузор мешавад.

Маъмулан, дар ин рӯз субҳи зуд кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, идона мегиранд. Рӯзи ид ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд.

Рӯзи 31-уми август дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон шудааст.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.