«Тоҷик Эйр» чаҳор ҳавопаймои SSJ-100 дастрас карданист

Ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Тоҷик Эйр» чаҳор ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100-и истеҳсоли ҶСП «Гражданские самолеты Сухого»-ро дастрас карданист. Дар доираи баргузории намоишгоҳи ҳавонавардӣ-кайҳонии МАКС-2011 дар шаҳри Маскав директори генералии ширкати «Точик Эйр» Музаффар Исҳоқов ва президенти ширкати русиягии «Гражданские самолеты Сухого» Владимир Присяжнюк дар хусуси нияти дастрас кардани ҳавопаймоҳои мазкур созишнома ба имзо расониданд. Таввре ба ОИ […]


Ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Тоҷик Эйр» чаҳор ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100-и истеҳсоли ҶСП «Гражданские самолеты Сухого»-ро дастрас карданист.

Дар доираи баргузории намоишгоҳи ҳавонавардӣ-кайҳонии МАКС-2011 дар шаҳри Маскав директори генералии ширкати «Точик Эйр» Музаффар Исҳоқов ва президенти ширкати русиягии «Гражданские самолеты Сухого» Владимир Присяжнюк дар хусуси нияти дастрас кардани ҳавопаймоҳои мазкур созишнома ба имзо расониданд.

Таввре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабар доданд, «ҳавопаймоҳо тариқи лизинг дастрас гардида, ду ҳавопаймои нахустин ахири соли 2013 ба Дшанбе оварда мешаванд. Арзиши ҳавопаймоҳо сирри тиҷоратӣ аст».

Дар ширкати ҳавопаймоӣ зикр карданд, ки ҳавопаймоҳои Sukhoi Superjet-100 (LR) бо афзоишии масофаи парвоз барои истифода дар хатсайрҳои масофаи то 4500 км пешбинӣ шудаанд. «Ҳавопаймо 98 ҷойи нишаст барои мусофирон дошта, навъҳои ҳавопаймоҳои кӯҳнашудаи Ту-134 ва Ту-154-ро иваз менамояд», – гуфт манбаъ.

Дар маросими имзои созишномаи зикршуда директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр» Музаффар Исҳоқов изҳор кард, ки истифодаи ин навъи ҳавопаймо аз лиҳози иқтисодӣ пурсамар буда, таъмини боэътимоди амният ва хусусиятҳои хуби он ба ширкати тоҷикистонӣ барои беҳбуд бахшидан ба шабака ва реҷаи хатсайрҳо ва ҳамчунин ифтитоҳи хатсайрҳои нав шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҳавопаймоҳои – Ту-154М, Як-40, Ан-24, Ан-26, Ан-28, «BOEING -757-200», «BOEING -737-500», инчунин чархболҳои МИ-8 МТВ ва МИ-172, МИ-8Т мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» мунтазам парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Русия – Маскав, Санк-Петербург, Екатеринбург, Сочи, Сургут, Самара, Новосибирск, Иркутск ва ҳамчунин шаҳрҳои Бишкек, Алмаато, Теҳрон ва Шарҷаро ба анҷом мерасонад. Дар хатсайрҳои дохилӣ парвозҳо ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ ба иҷро расонида мешаванд.

Sukhoi Superjet 100 (SSJ-100) аввалин ҳавопаймои мусофирбарест, ки дар Русияи нав сохта шудааст. Он навъҳои кӯҳнашудаи ҳавопаймоҳои Ту-134, Ту-154 ва Як-42-ро иваз намуда, ба навъҳои мавҷудаи ҳавопаймоҳои ширкатҳои Bombardier (серии CRJ, ARJ21) ва Embraer (силсилаи E-Jet) рақобатпазирӣ мекунад.   

Ҳавопаймоҳои мазкур дар корхонаи ҳавопаймоии шаҳри Комсомолски Амур сохта мешаванд. Бори нахуст ҳавопаймо 26-уми сентябри соли 2007 ба маърази тамошои умум гузошта шуд. Арзиши умумии корҳои лоиҳакашиву бунёди он тахминан 1,4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Арзиши тахминии ҳавопаймои SSJ-100 дар бозор ҳудуди 27 млн. доллари ИМА аст.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.