Коҳиши мӯҳлати адои ҷазои Ёқуб Салимов

Бори нахуст дар доираи афви эълоншуда мӯҳлати адои ҷазои маҳбуси тайи даҳсолаи ахир маъруф – яке аз собиқ қумондонҳои Фрноти халқӣ ва вазири умури дохилӣ  Ёқуб Салимов қисман кам карда шуд. Бино ба маълумоти Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, мӯҳлати адои ҷазои Ёқуб Салимов ду сол кам карда шудааст. Ҳамин тариқ, то анҷоми пурраи […]

Наргис Ҳамробоева


Бори нахуст дар доираи афви эълоншуда мӯҳлати адои ҷазои маҳбуси тайи даҳсолаи ахир маъруф – яке аз собиқ қумондонҳои Фрноти халқӣ ва вазири умури дохилӣ  Ёқуб Салимов қисман кам карда шуд.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, мӯҳлати адои ҷазои Ёқуб Салимов ду сол кам карда шудааст. Ҳамин тариқ, то анҷоми пурраи мӯҳлати адои ҷазои Салим Ёқубов 4 солу 10 моҳи дигар боқӣ монд. Ба қавли наздикони Салимов, ахиран вазъи саломатиии ӯ хуб набуда, аз бемории дилу тарбод ва чашмон азият мекашад. «Вале ӯ худро бардаму солим нишон медиҳад», – мегӯянд хешовандонаш.

Ёдрас мекунем, ки соли 1997 Ёқуб Салимов ба кӯшиши роҳандозии табаддулоти давлатӣ айбдор карда шуд. Аз ин рӯ, Салимов Тоҷикистонро тарк гуфт, вале соли 2003 дар Русия ба ҳабс гирифта шуда, ба Тоҷикистон истирдод гардид. Мурофиаи додгоҳии Ёқуб Салимов ба таври пӯшида муддати 5 моҳ сурат гирифта, ӯ ба 15 соли зиндон бо адои мӯҳлати ҷазо дар зиндони низомаш шадид маҳкум гардид.

Ёқуб Салимов дар соли 1992 дар иҷлосияи 16 Шӯрои Олиии Тоҷикистон ба унвони нахустин вазири корҳои дохилии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мансуб шуд. Ӯ то соли 1995 дар ин мақом ифои вазифа карда, баъдан сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин гардид. Аммо бо гузашти як сол дубора баргашт ва ба раёсати Кумитаи гумруки Тоҷикистон таъин шуд.

Ӯ дар ҷараёни ин ҷангҳо ба яке аз фармондеҳони намоёни Фронти Халқӣ ва ба яке аз наздикони Сангак Сафаров – раиси Фронти Халқӣ табдил ёфт, ки дар сари давлатдорӣ овардани президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши арзанда дорад.

Ғайр аз ин, бино ба маълумоти Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, ҳамчунин мӯҳлати адои ҷазои боз яке аз маҳбусони маъруф – арбоби машҳури Иттиҳоди мухолифини тоҷик, собиқ раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Маҳмадрӯзи Искандаров низ ба муддати 2 сол кам карда шудааст.

Замони ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) Маҳмадрӯзӣ Искандаров яке аз пешвоёни Иттиҳоди мухолифини тоҷик маҳсуб ёфта, соли 2004 ба Русия рафтааст. Прокуратураи Генералии Тоҷикистон нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ба мақомоти Русия ҷиҳати истирдоди ӯ дархост ирсол намуд.

Искандаров дар шаҳри Маскав моҳи декабри соли 2004 боздошт гардида, пас аз дархости паноҳгоҳи сиёсӣ 4-уми апрели соли 2005 озод карда шуд, вале 16 апрел ба таври асроромез ғайб зад. Пас аз панҷ рӯз прокурори генералии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ба ВАО изҳор дошт, ки Искандаров дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ боздошт гардидааст, вале худи Искандаров ба додгоҳи Страсбург бобати аз ҷониби хадамоти махсуси Русия боздошт шуданаш ва ба Душанбе истирдод гардиданаш даъво пеш овард.

Пас аз чанде Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз рӯйи шаш моддаи КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 23 соли зиндон маҳкум гардид. Искандаров борҳо ба мақомоти Русия ҷиҳати боздошт ва истирдоди ғайриқонунӣ шикоят бурдааст, вале онҳо ё рад карда шудаанд ва ё ба онҳо посухе нагирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи кишвар, имрӯз, 24-уми август, 86 нафар маҳбусони ноболиғ мавриди афви эълоншуда қарор гирифта, дар муассисаи ислоҳӣ барои ноболиғон ҳамагӣ 4 нафар боқӣ мондаанд, ки ба содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин муҷрим дониста мешаванд. Мӯҳлати адои ҷазои онҳо низ кам карда шудааст.

Як рӯз қабл аз муассисаи ислоҳии занона 112 нафар занон мавриди афв қарор гирифтанд, ки 12 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.