Шикасти Расул Боқиев дар қувваозмоии нахустини Чемпионати ҷаҳон

Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Париж дастаи Тоҷикистон ба шикасти навбатӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар пайи Ҷамшед Халилов дорандаи медалҳои бириниҷии Олимпиадаи Пекин, дзюдочии маъруфи тоҷик Расул Боқиев низ дар вазни то 73 кило дар қувваозмоии нахустин аз варзишгари итолиёвӣ Андреа Регису шикаст хӯрда, аз идомаи минбаъдаи иштирок дар мусобиқот […]


Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Париж дастаи Тоҷикистон ба шикасти навбатӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар пайи Ҷамшед Халилов дорандаи медалҳои бириниҷии Олимпиадаи Пекин, дзюдочии маъруфи тоҷик Расул Боқиев низ дар вазни то 73 кило дар қувваозмоии нахустин аз варзишгари итолиёвӣ Андреа Регису шикаст хӯрда, аз идомаи минбаъдаи иштирок дар мусобиқот маҳрум гардид.

Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро шаш нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд. Пагоҳ боз ду варзишгари тоҷик дар вазни то 81 кг – Шералӣ Бозоров ва Фарҳод Раҳимов ба қувваозмойи шурӯъ мекунанд ва дар даври аввал мутаносибаи бо варзишгарони Аргентинаву Шветсия қувваозмоӣ менамоянд.

Рӯзи 26-уми август Тоҷикистонро дар вазни то 90 кило варзишгари пуртаҷрибаи тоҷик Парвиз Собиров намояндагӣ карда, бо дзюдочии Того қувваозмоӣ мекунад.

Дар рӯзи охирини чемпионат дар вазни то 100 кило дзюдочии тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо Милан Дисовис вомехӯрад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.