Идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» моҳи сентябр шурӯъ мешавад

Манъи ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» моҳи сентябр дар назар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати сохтмони роҳҳо ва хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, корҳои идомаи сохтмони нақб пас аз дастрас гардидани маблағи иловагӣ оғоз мегарданд. «Масъалаи сармоягузории иловагӣ ба идомаи сохтмони нақб ҷиҳати муҷаҳҳаз сохтани он бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва ҳавософкун […]


Манъи ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» моҳи сентябр дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати сохтмони роҳҳо ва хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, корҳои идомаи сохтмони нақб пас аз дастрас гардидани маблағи иловагӣ оғоз мегарданд. «Масъалаи сармоягузории иловагӣ ба идомаи сохтмони нақб ҷиҳати муҷаҳҳаз сохтани он бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва ҳавософкун ҳаллу фасл гардида, Тоҷикистону Эрон барои ҷудо кардани 3 млн. доллари ИМА аз ҳар ду ҷониб (6 млн. $) ба мувофиқа расидаанд. То ахири соли равон пурра ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» ба нақша гирифта шудааст», – гуфтанд дар раёсати мазкур.

Ёдрас мекунем, ки нақби «Истиқлол» на танҳо муддати тамоми сол робита бо минтақаи шимоли ҷумҳуриро таъмин мекунад, балки минбаъд барои даст ёфтан ба кишварҳои хориҷи дуру наздик низ шароит фароҳам хоҳад сохт.

 Сохтмони нақб соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии «Sobir International» оғоз гардида буд. Баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур Эрон беш аз 31 млн. доллари ИМА ҷудо кард, ки 10 млн. $-и он бурс ва 21, 2 млн. доллари ИМА қарз буд. Аз замони оғози амалисозии лоиҳа ҳиссаи Тоҷикистон дар он 7,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.