Файзобод: Анҷоми амалисозии лоиҳаи Тоҷикистону Британия оид ба таъмини бехатарӣ

23 августи соли ҷорӣ Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон, Тревор Мур ва намояндагони Барномаи умумибашарии Британияи Кабир оид ба паст кардани хатар (GTRP)  ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд ва дар  ҷамъомад  бахшида ба кушодашавии иншооти нави системаи бехатарӣ ва ҳимояи масолеҳи радиоактивӣ ва анҷоми лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Британия ширкат намуданд. Тавре аз бахши робита бо […]


23 августи соли ҷорӣ Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон, Тревор Мур ва намояндагони Барномаи умумибашарии Британияи Кабир оид ба паст кардани хатар (GTRP)  ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд ва дар  ҷамъомад  бахшида ба кушодашавии иншооти нави системаи бехатарӣ ва ҳимояи масолеҳи радиоактивӣ ва анҷоми лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Британия ширкат намуданд.

Тавре аз бахши робита бо матбуоти сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби GTRP маблағгузорӣ карда шудааст ва тавассути Оҷонсии Байналмиллалӣ оид ба қувваи ҳастаӣ (IAEA), ки намояндагони он дар ин ҷамъомад низ ширкат доштанд, амалӣ гардидааст, системаи муҳофизатии иншооти ҷумҳуриявиро оид ба партовҳои радиоактивӣ воқеъ дар Файзобод тавассути ҷиддан беҳтар гардонидани  инфраструктураи мавҷудаи он хеле мукаммал намуд.

Мақсади лоиҳаи мазкур чун тамоми лоиҳаҳои дигари GTRP ин ба талаботи Оҷонсии байналмилалии қувваи ҳастаӣ (IAEA) мувофиқ кунонидани системаи бехатарӣ ва ҳимояи масолеҳи радиоактивӣ мебошад.

Баъди шиносоӣ аз иншоот ҳамроҳи намояндагони ҳукумат ҷаноби Тревор Мур дар баромади хеш қайд намуд:

“Ман хело хурсандам, ки имрӯз дар маросими беҳтар гардонии системаи бехатарӣ дар Файзобод ширкат меварзам. Барои Барномаи умумибашарии Британияи Кабир оид ба кам кардан хатар ин лоиҳаи муҳим ва мушкил буд ва он якҷоя бо  Оҷонсии байналмиллалӣ оид ба қувваи ҳастаӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки масъулияти таъмини бехатарии масолеҳи ҳаставӣ ва радиоактивӣ, ҳамчунин масолеҳе, ки дар Файзобод мавҷуд ҳаст, ба дӯш дорад, амалӣ гардид. Тӯли идомаи лоиҳа Ҳукумати Британия бо Оҷонсӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон муносибати қавии корӣ  барқарор намуд. Мо бесаброна хоҳони дар оянда идома додани ҳамкории зичи  тарафайн мебошем».



Маълумотнома:


Барномаи умумибашарии Британияи Кабир оид ба паст намудани хатар аслан барои муайян намудани саҳми Британияи Кабир дар барномаи “Шарикии умумӣ”-и G8 барои 10 сол тарҳрезӣ шудаст ва соли 2002 лоиҳае бо маблағи 20 миллиард доллар оғоз гардид, ки мақсади он асосан кӯмак расонидан ба Руссия ва кишварҳои собиқи шӯравӣ дар масъалаи  ҳалли боқимондаҳои яроқ ва масолеҳи ҳаставӣ, ки аз замони шуравӣ мерос мондааст, мебошад. Саҳми Ҳукумати Британия Кабир дар ин лоиҳа 750 миллион долларро ташкил медиҳад, ки то имрӯз зиёда аз 350 миллиони он истифода шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.