Худкушии сокини 25-солаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Сокини 25-солаи ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маҳмадтоиб Идиев дар манзили зисти худ даст ба худкушӣ зад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ӯ бо милтиқи шикории тамғаи «ИЖ»-и қутри 16 мм ба гардани худ тир холӣ кардааст. «Аслиҳа дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта нашудааст», – гуфтанд […]


Сокини 25-солаи ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маҳмадтоиб Идиев дар манзили зисти худ даст ба худкушӣ зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ӯ бо милтиқи шикории тамғаи «ИЖ»-и қутри 16 мм ба гардани худ тир холӣ кардааст. «Аслиҳа дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта нашудааст», – гуфтанд дар раёсати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ба гардани худ тир холӣ кардан, Идиев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. «Мақомоти додситонии маҳаллӣ дар пайи муайян кардани сабабҳои ба ин амал даст задани марҳум буда, корҳои тафтишотӣ оид ба ин ҳодиса идома доранд», – афзуд манбаъ.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 141 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон (дар ҳамин давраи соли 2010 – 207 ҳодиса) сабт шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.