Сармураббии Ӯзбекистон дастаи футболи Тоҷикистонро камқувват намешуморад

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Ӯзбекистон Вадим Абрамов дар сомонаи расмии Федератсияи футболи ин кишвари ҳамсоя андешаи худро дар бораи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон баён намуд. «Ман борҳо гуфтаам, ки барои мо бо кадом даста, Тоҷикистон ё Сурия вохӯрдан муҳим набуд. Дар ин марҳила ба ҳар як вохӯрӣ мебояд бо ҳисси масъулият омода гардид. Ягона чизи […]


Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Ӯзбекистон Вадим Абрамов дар сомонаи расмии Федератсияи футболи ин кишвари ҳамсоя андешаи худро дар бораи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон баён намуд.

«Ман борҳо гуфтаам, ки барои мо бо кадом даста, Тоҷикистон ё Сурия вохӯрдан муҳим набуд. Дар ин марҳила ба ҳар як вохӯрӣ мебояд бо ҳисси масъулият омода гардид. Ягона чизи муфид дар ин ҳолат барои мо он аст, ки нисбат ба Сурия ба Тоҷикистон рафтан хеле қулайу осонтар аст. Дигар чизе тағйир наёфтааст. Ман мутмаинам, ки ҳамаи дастаҳои гурӯҳ барои ноил гардидан ба натиҷаи мусбат кӯшиши зиёд ба харҷ хоҳанд дод», – гуфтааст Абрамов.

Ёдовар мешавем, ки дар давраи сеюми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар қораи Осиё рӯзи 2-юми сентябри соли равон дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода вохӯрии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Узбекистон баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.