Мутаваққиф сохтани мурофиаи додгоҳӣ оид ба парвандаи Сангов

Мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба ду сарваколатдори фаврии шӯъбаи кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов, ки оид ба парвандаи Сафаралӣ Сангов дар назди додгоҳ ҷавобгӯ ҳастанд, мутаваққиф гардид. Ҳарду корманди мақомот ба хунукназарӣ зоҳир намудан нисбат ба иҷрои вазифаҳои худ айбдор карда мешаванд . Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Гулчеҳра Холматова, […]


Мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба ду сарваколатдори фаврии шӯъбаи кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов, ки оид ба парвандаи Сафаралӣ Сангов дар назди додгоҳ ҷавобгӯ ҳастанд, мутаваққиф гардид. Ҳарду корманди мақомот ба хунукназарӣ зоҳир намудан нисбат ба иҷрои вазифаҳои худ айбдор карда мешаванд

.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Гулчеҳра Холматова, адвокати ҷониби ҷабрдида хабар дод, мурофиаи додгоҳӣ аз 17-уми июн ба таваққуф гузошта шуда, ҷонибҳо хулосаи такрории ташхиси судиву тиббиро интизоранд, ки инд афъа комиссия доир месозад. «Хулосаи аввал бо тасдиқи он ки Сангов бар асари аз баландӣ афтодан ҷароҳат бардоштааст, моро қонеъ насохт. Мо баргузории ташхиси такрорӣ бо ҷалби коршиноси мустақилро дархост намудем ва додрас ин талаби моро қонеъ намуд», – гуфт Холматова.

Адвокат мӯътақид аст, ки барои баргузории ташхис аз қабр берун овардани ҷасад зарур набуд, зеро аксҳои бардошта зимни шустани ҷасад ва ҳамчунин асноду аксҳои мавҷуда дар дасти ҷониби ҷабрдида барои он кофӣ аст. «Ҷараёни баргузории ташхис андаке ба дарозо кашид, лекин коршиносон сабаби онро ба беҳад серкор буданашон шарҳ медиҳанд», – афзуд Холматова.

Қазияи мазкур моҳи марти соли равон ба вуқӯъ пайваст. Гумонбаршуда ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Сафаралӣ Сангов пас аз ҳабс дар боздоштгоҳи ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ба шӯъбаи эҳёгарии беморхона мунтақил гардида, баъди чанде ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ бар ин назаранд, ки ӯ аз латукӯби кормандони милиса ба ҳалокат расидааст, вале ҷониби дигар инро рад сохта, мегӯяд, Сангов худро аз зинапояҳо ба поин афканда, худкушӣ кардааст.

Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Аз ҷумла, созмони байнулмилалии маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи Amnesty International ва Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон изҳороти муштараке пахш намуда, дар он аз ҳолатҳои марги Сангов изҳори нигаронӣ намуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.