Ифтитоҳи бинои нави сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия – Чоргонаи Душанбе ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлўи ду кишвари дўсту ҳамсоя баррасӣ шуд.  Таваҷҷўҳи зиёд ба […]

Asia-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия – Чоргонаи Душанбе ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлўи ду кишвари дўсту ҳамсоя баррасӣ шуд.

 Таваҷҷўҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои сершумори миёни Тоҷикистону Афғонистон имзошуда зоҳир гардид, аз ҷумла доир ба пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқӣ ба хотири боло бурдани иқтидори транзитии ҳарду кишвар.

 Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 5 соли охир ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон бо шарофати ифтитоҳи пулҳои мошингарди пайвандсози ду кишвари дўст 20 баробар афзоиш ёфт.

 Дар ин росто зарурати пурра ба истифода додани хатти интиқоли барқи Сангтўда – Қундуз – Пулихумрӣ ва фаъол намудани гузаргоҳҳои иловагии сарҳадӣ миёни ду кишвар, аз ҷумла гузаргоҳҳои Кокул – Ойхонум ва Калдор – Айваҷ таъкид гардид.

 Барои тақвияти ин тамоюлоти накў фаъолияти босамартари Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ – тиҷоратӣ ва густариши бештари равобити вазоратҳои корҳои хориҷӣ, парлумонҳо ва мақомоти давлативу идории ду кишвар матлуб дониста шуд.

 Вобаста ба нақшаҳои тадриҷан аз Афғонистон хориҷ шудани нерўҳои байналмилалии посдори сулҳ ҳамгироии бештар ва ҳамоҳангии кори сохторҳои низомӣ, марзбонӣ ва амниятии Тоҷикистону Афғонистон ба хотири тақвияти мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рўзномаи мулоқоти сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврўзи Ориён – 2012 дар шаҳри Душанбе ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

 Баъди мулоқот бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳомид Карзай дар шаҳри Душанбе бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

 Дар ин маросим, ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонони сершумори дигар низ ширкат доштанд.

 Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳомид Карзай ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба дурнамои муносиботи дўстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории бисёрсоҳаи ду кишвар  баҳои баланд доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.