Оғози сохтмони бинои сафорати Покистон дар Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, ки барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе, яъне Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.  Аз […]


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, ки барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе, яъне Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

 Аз рушди босуботу босуръати ҳамкории ду кишвар, ки солҳои ахир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 Барои густариши минбаъдаи  равобити судманд, рушди тиҷорати дуҷониба, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби васеи соҳибкорон ва муҳайё намудани фазои мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ ба онҳо фаъолияти бештару босамартари Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва тавсиаи заминаи қарордодию ҳуқуқӣ зарур шумурда шуд.

 Ба идомаи ҳамкории судманд дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, аз ҷумла барои ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётӣ  ҳавасмандии ду ҷониб таъкид гардид.

 Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба рушди ҳамкории судманд миёни сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар барои таҳкими муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ зоҳир карда шуд.

 Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба рўзномаи мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон, Федератсияи Русия ва ҳамгироиҳои минтақавию байналмилалии ду кишвар сурат гирифт.

 Баъди анҷоми мулоқот сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ ба шаҳраки дипломатии шаҳри Душанбе ташриф оварда, якҷоя бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди бинои нави Сафорати ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

 Сарони ду давлат зимни суханронии табрикӣ оғози сохтмони бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар яке аз беҳтарин мавзеъҳои шаҳри Душанбе нишонаи эҳтирому самимияти баланди ду ҷониб ба ҳамдигар ва воситаи рушди бештари муносиботи дўстӣ ва ҳамкории судовар арзёбӣ намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.