Шабакаҳои ТВ-и Тоҷикистон ба пахши мустақими вохӯрии Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон надоранд

Шабакаҳои телевизиони давлатии ҷумҳурӣ ба пахши мустақими вохӯрии дастаҳои мунтахабаи футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 2-юми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дар чаҳорчӯби мусобиқоти даври сеюми интихобӣ ба Ҷоми ҷаҳон дар қораи Осиё доир мегардад,имкон надоранд. Директори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шарҳи сабаби тариқи «он-лайн» […]


Шабакаҳои телевизиони давлатии ҷумҳурӣ ба пахши мустақими вохӯрии дастаҳои мунтахабаи футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 2-юми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дар чаҳорчӯби мусобиқоти даври сеюми интихобӣ ба Ҷоми ҷаҳон дар қораи Осиё доир мегардад,имкон надоранд.

Директори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шарҳи сабаби тариқи «он-лайн» пахш накардани вохӯрӣ худдорӣ варзида , танҳо гуфт, шабака ҳатман вохӯриро пас аз анҷом намоиш хоҳад дод.

«Чанде қабл мо як барномае дар бораи омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ин бозӣ ба навор гирифтем, вале бо дархости сармураббии даста онро ба эфир нагузоштем», – гуфт ӯ.

Шабакаи телевизионии «Сафина» ҳам ба гуфти худашон, бинобар чорабиниҳои бахшида ба 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ пахши мустақими вохӯриии мазкурро таъмин карда наметавонанд.

Танҳо сомонаи радиои «Озодӣ» пахши мустақими вохӯриро ба зимма гирифтааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.