Ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани мақомоти масъули тафтиш дар Хатлон

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа пас аз анҷоми мурофиаи додгоҳии як парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 3 нафар, ки дар содир кардани амали дуздӣ айбдор мешуданд, мақомоти тафтишотии масъули парвандаро бо таъиноти судӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашидааст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Шариф Ҳаётов, ҳимоятгари яке аз маҳкумшудагон иттилоъ дод, сабаби ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани муфаттишон дар […]

Сайраҳмон Назриев


Суди шаҳри Қӯрғонтеппа пас аз анҷоми мурофиаи додгоҳии як парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 3 нафар, ки дар содир кардани амали дуздӣ айбдор мешуданд, мақомоти тафтишотии масъули парвандаро бо таъиноти судӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашидааст.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Шариф Ҳаётов, ҳимоятгари яке аз маҳкумшудагон иттилоъ дод, сабаби ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани муфаттишон дар нодуруст банду баст кардани ҷинояти содирнамудаи маҳкумшудагон ва ба гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ роҳ надодани ҳимоятгар мебошад.

Ҳаётов афзуд, ки мақомоти тафтишотӣ нисбат ба нафари зерҳимояи ӯ Саидмубилхон Ҷамолов ва ду нафар ҳамроҳонаш бо моддаи 244, қисмҳои 2 ва 3 КҶ ҶТ айб эълон карда буд. Аммо ҳангоми тафтишоти судӣ айби эълоннамудаи тафтишоти пешакӣ тасдиқи худро наёфт.

Ба гуфтаи ҳимоятгар, суд Садмубилхон Чамолов, инчунин ҳамроҳонаш Сӯҳробиддин Қаюмов ва Нуралӣ Сатторовро бо моддаи 244, қисми 2 КҶ ҶТ гунаҳкор дониста, ба мӯҳлати 3 сол маҳрумият аз озодӣ ҳукм баровард. Аммо раисикунандаи мурофиаи судӣ нисбат ба ҳар се нафар маҳкумшуда Қонуни ҶТ «Дар бораи афв»-ро татбиқ намуда, онҳоро аз толори додгоҳ озод кард.

Дар рӯзи аввали мурофиа судшаванда Саидмубилхон Ҷамолов шикоят карда буд, ки ҳангоми тафтиши пешакӣ нафарони номаълум (агар онҳоро бинад, мешиносад) ӯро мавриди латукӯб қарор додаанд ва як ҷиноятро, ки содир накардааст, иҷборан ба ӯ бор кардаанд.

Оид ба ин рафтори кормандони милитсия Ҷамолов ба прокуратураи вилояти Хатлон шикоят бурдааст. Дар робита сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари прокуратураи вилояти Хатлон Қутбиддин Достиев гуфт, ки ба прокуратураи вилояти Хатлон мактуби шикоятии Ҷамолов дар хусуси он, ки кормандони милитсия ӯро латукӯб кардаанд ва дар натиҷа ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардоштааст, ворид гардида буд.

«Мо оид ба ин шикояти Ҷамолов санҷиши прокурорӣ гузаронидем, аммо ваҷҳҳои овардаи ӯ тасдиқи худро наёфтанд. Аз ин рӯ, мо қарор дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноиро қабул намуда, аз натиҷаи санҷиш ба Ҷамолов ҷавоби хаттӣ фиристодем», – гуфт прокурор.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.