Хатлон: Маҳкумияти ҳафт нафар ба ҷурми узвият дар гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев

Суди вилояти Хатлон  ҳафт нафар  шаҳрвандонро  бо ҷурми шомил будан ба гурӯҳи полковники исёнгар  Маҳмуд Худойбердиев гунаҳгор дониста,   ҳар кадомеро ба мӯҳлати 16 соли зиндон маҳкум намуд. Тоҳир Ҳамзаев судяи суди вилояти Хатлон, ки раисии ин мурофиаро бар дӯш дошт, рӯзи 1 сентябр мурофаи судии ин парвандаро ба анҷом расонида, бо ҳукми худ  Ғафуров Раҷабалӣ, […]

Сайраҳмон Назриев

Суди вилояти Хатлон  ҳафт нафар  шаҳрвандонро  бо ҷурми шомил будан ба гурӯҳи полковники исёнгар  Маҳмуд Худойбердиев гунаҳгор дониста,   ҳар кадомеро ба мӯҳлати 16 соли зиндон маҳкум намуд.

Тоҳир Ҳамзаев судяи суди вилояти Хатлон, ки раисии ин мурофиаро бар дӯш дошт, рӯзи 1 сентябр мурофаи судии ин парвандаро ба анҷом расонида, бо ҳукми худ  Ғафуров Раҷабалӣ, соли тавалудаш 1969, сокини н Румӣ, пеш бо моддаи 195 суд шудааст,   Ғуломов Шамсиддин, соли тававлудаш 1967 истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ. Румӣ, Тӯрахонов Икром соли тавалудаш 1968, сокини ноҳияи Ҷ. Румӣ,Эшонқулов Саидқул, соли таваллудаш  1966, сокини  шаҳри Душанбе, Умаралии Қурбонзода, соли тавалудаш 1971 сокини ноҳияи  Вахш, Донаев Ҳокимҷон, соли тавалудаш 1970 пеш бо моддаи 111  КҶ ҶТ 18 декабри соли  2000 бо ҳукми суди ноҳияи  Вахш суд шудааст, Қодиров Қудратулло с/т 1969, ки пеш бо моддаи 205 аз 29 июли 1996  бо ҳукми суди ноҳияи  Ҷ.Румӣ суд шудааст, бо моддаҳои  185, қ.1 186, қ, 2, 187, қ 2, 306, 313 КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба  мӯҳлати 16 солӣ  бо мусодираи амволашон онҳоро аз озодӣ маҳрум намуд. Суд дар асоси моддаи 13 Қонуни авф 2 солии мӯҳлати иҷронашудаи ҷазояшонро кам намуд.

Дар ҳамин маврид наздикон ва ҳимоячиёни маҳкумшудагон нисбати  ҳукми суд норозигӣ баён намуданд ва изҳор доштанд, ки дар мӯҳлати пешбини намудаи қонун аз болои ин ҳукм шикояти кассатсионӣ хоҳанд кард.

Наздикони маҳкумшудагон умед аз он доштанд, ки суд бо назардошти Қонун «Дар бораи авф» наздиконашонро аз зали суд озод хоҳад кард.

Чуноне раискунандаи мурофиаи судӣ Тоҳир Ҳамзаев баъди эълони ҳукм дар сӯҳбати ғайримикрофонӣ гуфт, моддаҳое, ки ба маҳкумшудагон тафтишоти пешакӣ айб эълон карда  буд дар қонуни авф дохил намешуданд. «Бинобар ин танҳо нисбаташон моддаи 13 ин қонунро татбиқ кардем», – иброз намуд судя.

Адвокати  маҳкумшуда Тӯрахонов Икромов,  Абдураҳмон Тӯраев: «Мо бо ҳукми суд розӣ шуда наметавонем ва ҳатман шикояти кассатсионӣ хоҳем навишт , зеро бисёр факту далелҳое ҳастанд, ки на дар рафти тафтишоти пешакӣ ва на дар рафти тафтишоти судӣ  пурра санҷида нашуданд. Зерҳимояи ман аз аввал то охир гуфт, ки  мо бо роҳи фиреб ба ин гурӯҳ шомил шуданд ва вақте аз мақсади ин гурӯҳ огаҳ шуданд, хостанд гурӯҳро тарк кунанд, вале натавонистаанд аз онҷо гурезанд. Вақте дар вилояти Суғд имконияти гурехтанро пайдо карданд, гурехта ба Қазоқистон ва баъдан ба ҷойи истиқомати худ баргаштанд. Бубинед, ки 13 сол боз ин нафарон дар Тоҷикистон ба ҳаёти осоишта машғул буданд, ҳатто қисме аз онҳо дар мақомоти қудратӣ кор карданд ва қисме дар корҳои  роҳбарикунанда фаъолият доштанд».

А.Тӯраев ҳамчунин иброз дошт, ки дар моддаи 21 қонуни авф гуфта мешавад, ки маҷмӯи ҷиноятҳое, ки дар моддаи 12 ҳамин қонун қайд шудааст, авф татбиқ карда намешавад. «Ҳарчанд дар моддаи 10-и  ҳамин қонун  гуфта шудааст, ки нафароне, ки моҳи ноябри соли 1997 дар воқеъаҳои вилояти  Суғд иштирок кардаанд, қонуни авф нисбаташон татбиқ карда шавад.  Сабабаш моддаи 21 ҳамин қонун мебошад. Мутаассифона, нисбати зерҳимояшавандаҳои мо бо он моддаҳое айб эълон карда шудааст, ки  дар ҳамин моддаи 12 қонун «Дар бораи авф» дарҷ гардидаанд», – қайд намуд адвокат.

Ҳимоячии дигари яке аз маҳкумшудагон Эшонқулов Саидқул, Муродулло Абдуллоев иброз намуд, ки ҳоло бо ҳукм шинос нест, зеро дар лаҳзаи эълони ҳукм иштирок накардааст. « Мо ҳоло бо ҳукми суд шинос шавем ва бубинем, ки суд кадом далелҳоро асос карда, чунин ҳукм содр намудааст, баъдан  тасмим мегерем, ки шикоят барем ё на», -илова намуд Абдуллоев.

Бояд гуфт, ки наздикону пайвандони маҳкумшудагон дар сӯҳбате, ки баъди қироати ҳукми суд доштанд, тасмим гирифтанд, бо як шикояти кассатсионӣ қонеъ нашаванд ва дар наздиктарин рӯзҳо ба раиси Суди Олӣ ва Президенти кишвар шикоят баранд.

Бояд ёдовар шуд, ки мақомоти қудратии вилояти Хатлон ин ҳафт нафарро дар моҳи январи соли ҷорӣ боздошт карда буданд ва нисбаташон 18 июли соли равон бо моддаҳои 185, қ. 1 186, қ. 2, 187, қ. 2, 306, 313 КҶ ҶТ нисбаташон айб эълон карда шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.