То соли 2020 дар Тоҷикистон беш аз 440 нерӯгоҳи хурд амал хоҳанд кард

Зимни суханронӣ дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки тӯли 20 соли истиқлолият дар Тоҷикистон беш аз 250 нерӯгоҳҳо хурди обӣ-барқӣ сохта шуданд . Ба гуфтаи сарвари давлат, солҳои охир дар натиҷаи амалишавии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика дар мамлакат зиёда […]

Asia-Plus


Зимни суханронӣ дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки тӯли 20 соли истиқлолият дар Тоҷикистон беш аз 250 нерӯгоҳҳо хурди обӣ-барқӣ сохта шуданд

.

Ба гуфтаи сарвари давлат, солҳои охир дар натиҷаи амалишавии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика дар мамлакат зиёда аз 250 нерўгоҳи хурду миёнаи барқи обӣ сохта шуда, бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани нерўгоҳҳои “Помир-1” ва “Сангтўда-1”, хатҳои интиқоли барқи “Лолазор-Хатлон”, “Ҷануб-Шимол” ва “Конибодом-Боткент», зеристгоҳи “Сомонӣ”- и шаҳри Кўлоб ба мо имкон доданд, ки шабакаи ягонаи энергетикии кишварро таъсис дода, дар самти ҳалли  мушкилоти энергетикии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва мардум ба пешрафти назаррас муваффақ гардем.

«Ҳамзамон бо ин, корҳои сохтмону барқарорсозӣдар иншооти азиму стратегии кишвар – нерўгоҳи барқи обии Роғун, инчунин нерўгоҳҳои хурду миёна дар ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Зарафшону Варзобвусъати тоза дошта, дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ то соли 2020-ум боз 190 нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ бояд сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд», – изҳор дошт сарвари давлат. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулугоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.