Қатораи мусофирбар бори нахуст аз Суғд ба Маскав раҳсипор мегардад

Аз замони мавҷудияти қитъаи роҳи оҳани вилояти Суғд имрӯз қатораи муосифрбар бори нахуст сӯйи шаҳри Маскав раҳсипор мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори вокзали роҳи оҳани «Хуҷанд» Саидҷон Ғафуров хабар дод, қатора бо 430 нафар мусофирон нимаи дуввуми рӯз ба самти Маскав ҳаракатро оғоз мекунад. Вагонҳои қатора мутобиқи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ дар корхонаи вагонсозии шаҳри […]

Бахтиёр Валиев


Аз замони мавҷудияти қитъаи роҳи оҳани вилояти Суғд имрӯз қатораи муосифрбар бори нахуст сӯйи шаҳри Маскав раҳсипор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори вокзали роҳи оҳани «Хуҷанд» Саидҷон Ғафуров хабар дод, қатора бо 430 нафар мусофирон нимаи дуввуми рӯз ба самти Маскав ҳаракатро оғоз мекунад. Вагонҳои қатора мутобиқи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ дар корхонаи вагонсозии шаҳри Тошканд аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Дар муддати қариб се шабонарӯз мусофирон метавонанд аз хизматгузории 18 нафар роҳбаладон истифода намоянд. Ҳаракати қатораи мусофирбар тавассути ин хатсайр ҳафтае як маротиба анҷом дода мешавад.

«Қаблан то соли 1991 тариқи убури шаҳри Хуҷанд қатораи транзитии шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон ба Маскав ҳаракат мекард. То имрӯз аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахти Русия ҳеҷ каторае раҳсипор нашудаст», – афзуд Ғафуров.

Қобили зикр аст, ки роҳандозӣ намудани ин хатсайр ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.