Муаррифии беш аз 300 лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон дар Чин

Дар ҳамоиши тиҷоратӣ таҳти унвони «Рӯзи СҲШ: рушди ҳамкории иқтисодии минтақавӣ» дар шаҳри Урумчии Чин беш аз аз 300 лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд. Тавре аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетикаву геология, мошинсозӣ, саноати кӯҳкорӣ, металлургӣ, электротехникӣ, кимиёвӣ, саноати сабук ва […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар ҳамоиши тиҷоратӣ таҳти унвони «Рӯзи СҲШ: рушди ҳамкории иқтисодии минтақавӣ» дар шаҳри Урумчии Чин беш аз аз 300 лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетикаву геология, мошинсозӣ, саноати кӯҳкорӣ, металлургӣ, электротехникӣ, кимиёвӣ, саноати сабук ва коркард пешниҳод гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, сохтмон, мелиоратсия, нақлиёт, тандурустӣ, хоҷагии коммуналӣ ва комплексҳои намоишгоҳиву ярмаркавии Тоҷикистон низ мавриди муаррифӣ қарор гирифтанд.

«Аксари ширкатҳо, ки дар кори ҳамоиш ҳузур доштанд, манфиатдории худ ба ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистонро изҳор намуданд», – афзуданд дар ПСС ҶТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.