Мусодираи беш аз 300 кило маводи мухаддир дар Суғд

Дар зарфи 8 моҳи соли равон кормандони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъавоар ва шӯъбаҳои корҳои дохилии вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ 310 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 99 кило камтар аст. Ба гуфти сардори бахши таҳлили шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии […]

Мавлуда Рафиева


Дар зарфи 8 моҳи соли равон кормандони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъавоар ва шӯъбаҳои корҳои дохилии вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ 310 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 99 кило камтар аст.

Ба гуфти сардори бахши таҳлили шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РКД-и вилоят Насим Олимов, дар ин давра беш аз 21 кило маводи сахттаъири героин мусодира шудааст. Қисмати зиёди маводи мухаддири мусодирашударо ҳашиш ташкил медиҳад, ки он ба зиёда аз 275 кило баробар аст.

Аз рӯйи ин далелҳо мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ 164 парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорат маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон аз ҷониби тамоми воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 465 кило маводи мухаддир (соли 2010 – 466) мусодира шудааст, ки беш аз 96 килои онро героин ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.