Сарвазири Покистон сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Юсуф Ризо Гелонӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафири Тоҷикистон вобаста ба обхезиҳои ҷануби Покистон, ки бар асари он шумораи зиёди одамон фавтидаанд, таъзия баён намуд. Дар идомаи мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ […]

Asia-Plus


Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Юсуф Ризо Гелонӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафири Тоҷикистон вобаста ба обхезиҳои ҷануби Покистон, ки бар асари он шумораи зиёди одамон фавтидаанд, таъзия баён намуд. Дар идомаи мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвазири Покистон аз рафти густариши муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаи сафари Президенти Покистон ба Тоҷикистон ва баргузории мулоқоти навбатии “Чоргонаи Душанбе”-ро мусбат арзёбӣ намуд.

 З.Зубайдов иброз дошт, ки мулоқоти чоргонаи роҳбарони Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Россия дар сатҳи олӣ доир шуда, натиҷаҳои он барои тақвияти ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии минтақавӣ мусоидат хоҳад кард. Қайд карда шуд, ки дар матбуот ва дигар ВАО, аз ҷумла расонаҳои хабарии Россия, рафти мулоқоти чоргона ва натиҷаҳои он ба таври васеъ ва аз ҷиҳати мусбат инъикос ёфтаанд. Дар идомаи сӯҳбат ӯ зикр намуд, ки таъсиси намояндагии Бонки миллии Покистон дар Тоҷикистон, ташкили хати парвози мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод, омода ва бастани шартномаи сеҷонибаи транзитӣ бо иштироки Афғонистон, аз масъалаҳое ҳастанд, ки ҳалли онҳо ба инкишофи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ таъсири муфид мерасонад.

 Саид Юсуф Ризо Гелонӣ ба масъалаҳои мазкур таваҷҷӯҳ доштани ҷониби Покистонро таъкид сохта, зикр кард, ки барои ҳалли онҳо мусоидат менамояд. Ба ақидаи ӯ, тавсеа ёфтани муносибатҳои ду кишвар дар заминаҳои гуногун танҳо ба манфиати ҳарду ҷониб аст.

 Дар анҷом дипломати тоҷик ба Сарвазири Покистон изҳори сипос намуда, ӯро ба чорабинии ҷашнии Сафорат, бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Исломобод баргузор мегардад, даъват намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.