Ширкати нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон дар гузашти низомӣ

Дар гузашти низомии бахшида ба таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фариду Маҳмадалиев хабар дод, дар фазои болои майдони марказии «Дӯстӣ» се чархболи Ми-8, чор чархболи Ми-24, се ҳавопаймоҳои омӯзишиву ҷангии Л-39 ва […]

Аваз Юлдошев


Дар гузашти низомии бахшида ба таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фариду Маҳмадалиев хабар дод, дар фазои болои майдони марказии «Дӯстӣ» се чархболи Ми-8, чор чархболи Ми-24, се ҳавопаймоҳои омӯзишиву ҷангии Л-39 ва ду ҳавопаймои стратегии бомбандози Ту-95 парвоз хоҳанд кард.

Мутобиқи қарори қабулшуда, дар гузашт ба ҷуз низомиёни тоҷику рус, воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва Фаронса низ иштирок хоҳанд кард.

Тавре қаблан хабар дода будем, ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ бо иштироки беш аз 10 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузашти низомии пуршукӯҳ доир мегардад.

Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ хоҳад кард. Гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.

Ҳамчунин дар тамоми марказҳои маъмурии вилоятҳо – шаҳрҳои Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва Хоруғ низ гузаштҳои низомӣ доир мегарданд, ки дар онҳо ба ҷуз афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ намояндагони дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ низ иштирок хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.