Суғд: Ҳалокати чор нафар бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ чаҳор нафар ҳалок ва ронанда ба бемористон бистарӣ шуд . Садама шабона дар километри 225-уми роҳ, дар қаламрави ҷамоати Пошкенти ноҳияи Истаравшан рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико», сокини 44-солаи ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷакент Қамариддин Хоҷамбердиеви 44-сола аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, автомашина ба мошини боркаши «ЗИЛ»-и […]

Мавлуда Рафиева


Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ чаҳор нафар ҳалок ва ронанда ба бемористон бистарӣ шуд

.

Садама шабона дар километри 225-уми роҳ, дар қаламрави ҷамоати Пошкенти ноҳияи Истаравшан рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико», сокини 44-солаи ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷакент Қамариддин Хоҷамбердиеви 44-сола аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, автомашина ба мошини боркаши «ЗИЛ»-и дар канори роҳ воқеъбуда бармехӯрад.

Дар натиҷа аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса сокини 41-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳуқуқшиноси раёсати «Тоҷиктелеком» Худоёр Шарифов, Мадина Давлатоваи 36-сола, Фотима Шарифоваи 7-сола ва сокини 45-солаи ноҳияи Панҷакент Рустам Муҳиддинов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Худи ронанда ба бемористони марказии шаҳри Истаравшан мунтақил шудааст.

Бино ба маълумоти шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобили вилояти Суғд, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳии вилояти Суғд 190 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2010 – 217 ҳодиса) рух додааст, ки бар асари он 84 нафар ҳалок (соли 2010 – 64 нафар) ва 198 нафар (соли 2010 – 226 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.