Таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон

Имрӯз дар маркази маъмурии вилоят Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дар майдони марказии шаҳр гузашти низомии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир мегардад. Ҳамчунин намоиши идонаи корхонаву муассисаҳои давлативу хусусӣ ва сокинони вилоят низ баргузор мешавад. […]

Сайраҳмон Назриев


Имрӯз дар маркази маъмурии вилоят Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дар майдони марказии шаҳр гузашти низомии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир мегардад. Ҳамчунин намоиши идонаи корхонаву муассисаҳои давлативу хусусӣ ва сокинони вилоят низ баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, бахшида ба таҷлили ҷашн дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳр ба сокинон намоиши театрикунонидашудаи аз ҷониби Раёсати фарҳанги вилоят таҳияшуда ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар аксари шаҳру навоҳии вилоят бо баргузории гузаштҳову дигар чорабиниҳои идона дирӯз таҷлил гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.