Раиси ҲНИТ Олмонро яке аз кишварҳои муҳими Аврупо унвон кард

ASIA-Plus


Дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи вазорати хориҷаи Олмон бо раиси ҲНИТ баргузор гардид.

Тавре дар сомонаи расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дода мешавад, пеш аз ҳама намояндаи вазорати хориҷаи Олмон аз ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон ёдовар шуд. Раиси ҲНИТ ҳам Олмонро яке аз кишварҳои муҳими Аврупо унвон кард ва барои ҳамкориҳои наздики ин кишвар бо Тоҷикистон аз он қадрдонӣ намуд. Раиси ҲНИТ таъкид кард, ки Олмон ҳам ба осонӣ ба шароити пешрафтаи имрӯзаи худ ноил нашудааст, аммо барои расидан ба ин рӯзҳо даврони мушкили фашизм ва Гмтлерро аз сар гузарондааст. Махсусан баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум ин кишвар талоши зиёде кард ва тавонист ба як кишвари пешрафтаи иқтисодӣ табдил шавад. Ин таҷрибаҳо метавонанд барои икшвари мо муфид бошанд ва ҲНИТ ҷонибдори густариши ҳамкориҳои Олмон бо Тоҷикистон ва аҳзоби сиёсии ду кишвар аст.

Намояндаи вазорати умури хориҷаи Олмон дар бораи равобити ҲНИТ бо ҳукумат ва дигар ҳизбу ҳаракатҳо низ суҳбат кард.

Раиси ҲНИТ робитаи ҲНИТ-ро бо ҳукумат ҳамчун як ҳизби опозитсионӣ дар ҳоли навасон унвон кард ва таъкид кард, ки дар чанд муддати охир муносибатҳо беҳтар шудааст. Ҳамкории ҳукумат дар фаъолиятҳои сиёсии ҳизб ба чашм мерасанд ва ин худ нишондиҳандаи рушди фарҳанги сиёсӣ дар кишвари мо аст.

Наҳзати исломӣ бо аксари кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ робита дорад ва бо бархе ҳаракатҳои исломӣ низ робитаҳои худро барқарор кардааст.

Меҳмони Олмонӣ аз ояндаи Афғонистон ибрози нигаронӣ намуд ва дар бораи ҳамкориҳои имрӯз ва ояндаи ҲНИТ бо кишвар ва ҳизбҳои Афғонистон назари раиси ҲНИТ-ро ҷуё шуд.

М. Кабирӣ зимни ёдоварӣ аз хидматҳои устод Раббонӣ барои тоҷикон  изҳор дошт, ки робитаи мо бо устод Раббонӣ барқарор буд ва ҳизбҳое, ки аз эшон ҳимоят мекарданд бо мо ҳам муносибатҳои хуб доранд. «Аммо дар бораи ояндаи Афғонистон пешгуи кардан кори осон нест. Зеро мардуми ин кишвар дар чанд даҳаи охир нишон додаанд, ки пешбининашавандаанд.

Аммо мо умедворем, ки баъд аз хуруҷи НАТО афғонҳо масоили дохилии худро бо гуфтугӯ ва музокира ҳал мекунанд. Зеро онҳо диданд, ки ҷанг барои ин миллат ва ин кишвар ба ҷуз вайрониву талафот чизи дигаре дар пай надоштааст. Миллати афғон метавонад бо ҳам гуфтугӯ намояд ба шарте, ки дигарон дар масоили онҳо дахолат накунанд ва ҳадди ақал барои чанд сол онҳоро ба ҳоли худашон бигзоранд. Яъне робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ вуҷуд дошта бошад, вале дахолат дар умури дохилӣ ва ояндасозии ин кишвар сурат нагирад», – гуфт М. Кабирӣ

Дар охир тарафҳо изҳори умедворӣ карданд, ки ҳамкориҳои судманду созанда байни Тоҷикистону Олмон ва аҳзоби сиёсии ду кишвар густариш пайдо кунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?