Се нафар сокинони Суғд барои узвият дар ҲИӮ ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум шуданд

Се нафар сокинони вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи суди вилоятии Суғд, раиси мурофиаи судии мазкур Анвар Темуров хабар дод, суд Акбар Ниёзови 29-сола, Ҷамшед Мӯсоеви 30-сола ва Хайрулло Шукруллои 20-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 187, қ. 2-и […]

Мавлуда Рафиева


Се нафар сокинони вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи суди вилоятии Суғд, раиси мурофиаи судии мазкур Анвар Темуров хабар дод, суд Акбар Ниёзови 29-сола, Ҷамшед Мӯсоеви 30-сола ва Хайрулло Шукруллои 20-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 187, қ. 2-и КҶ ҶТ (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) гунаҳкор донист.

Суд Акбар Ниёзов ва Ҷамшед Мӯсоевро ба мӯҳлати 9 сол ва Хайруллои Шукруллоро ба муддати 8 сол бо мусодираи амвол аз озодӣ маҳрум кард. Онҳо мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо хоҳанд кард.

Ба гуфтаи судя, онҳо солҳои 2006-2007 ихтиёрӣ ба шӯъбаи истаравшании Ҳаракати исломии Ӯзбекистон шомил гардида, саривақт ҳаққи аъзогӣ месупоридаанд. Онҳо моҳи июли соли 2011 аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан боздошт шуда, ба Кумитаи давлати амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд супурда шуданд.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 33 нафар аъзои ҲИӮ ва 7 тан узви ҳизби ифротгарои «Ҳизб-ут Таҳрир» боздошт шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.