Се нафар сокинони Суғд барои узвият дар ҲИӮ ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум шуданд

Мавлуда Рафиева


Се нафар сокинони вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи суди вилоятии Суғд, раиси мурофиаи судии мазкур Анвар Темуров хабар дод, суд Акбар Ниёзови 29-сола, Ҷамшед Мӯсоеви 30-сола ва Хайрулло Шукруллои 20-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 187, қ. 2-и КҶ ҶТ (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) гунаҳкор донист.

Суд Акбар Ниёзов ва Ҷамшед Мӯсоевро ба мӯҳлати 9 сол ва Хайруллои Шукруллоро ба муддати 8 сол бо мусодираи амвол аз озодӣ маҳрум кард. Онҳо мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо хоҳанд кард.

Ба гуфтаи судя, онҳо солҳои 2006-2007 ихтиёрӣ ба шӯъбаи истаравшании Ҳаракати исломии Ӯзбекистон шомил гардида, саривақт ҳаққи аъзогӣ месупоридаанд. Онҳо моҳи июли соли 2011 аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан боздошт шуда, ба Кумитаи давлати амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд супурда шуданд.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 33 нафар аъзои ҲИӮ ва 7 тан узви ҳизби ифротгарои «Ҳизб-ут Таҳрир» боздошт шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?

Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?

Агар фурӯшанда бо ҳуҷҷат сохтори нархро тасдиқ карда тавонад, ӯро фақат барои гӯшти гови “гарон” ҷарима бастан имкон надорад.