Соли равон ба Прокуратураи генералӣ 17 шикояти марбут ба шиканҷа ворид шуд

ASIA-Plus


Соли равон ба Прокуратураи генералӣ 17 шикояти марбут ба истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ворид шуда, дар ҳафт ҳолат онҳо тасдиқ ва барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ асос шуданд, – изҳор кард зимни нишасти матбуотӣ муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Воҳидов.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон ддар прокуратураи ноҳияи Ёвон мутобиқи моддаи нави КҶ ҶТ «Шиканҷа» як парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дигар ҳодисаҳо то ворид шудани ин модда ба кодекс мавриди тафтишот қарор гирифта буданд ва тибқи моддаи 316-и КҶ ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) баррасӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов изҳор карда буд, ки соли равон шаш кормандони милиса дар истифодаи методҳои ғайриқонунии тафтишот нисбат ба боздоштшудагон гумонбар дониста шуданд. «Инҳо кормандони ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Мирзораҳимов ва Ғаюров, ШВКД-и ноҳияи Ҳисор Камолов ва Қурбонов, Қудратов аз ШВКД-и шаҳри Хуҷанд ва корманди милисаи ШВКД-и ноҳияи Роштқалъа Алишоев мебошанд», – номбар карда буд вазир.

Дар гузориши чанде қабл интишорёфтаи созмониАфви Байнулмилал зикр гардида буд, ки шиканҷа, латукӯб ва намудҳои дигари бадрафторӣ дар тавқифгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфта, дар муҳити фарогири фасод ва бемасъулиятӣ рушд кардаанд.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, соли равон бу гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои гуногун дар маҷмӯъ 73 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд, ки  43 нафарашон хизматчиёни Вазорати мудофиа, 25 нафар кормандони ВКД, 3 намояндаи КДАМ, 2 корманди прокуратура ва як корманди Агентии назорати маводи нашъаовар мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?

Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?

Агар фурӯшанда бо ҳуҷҷат сохтори нархро тасдиқ карда тавонад, ӯро фақат барои гӯшти гови “гарон” ҷарима бастан имкон надорад.