Намояндаи тозатаъини ИА оид ба ОМ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси навтаъини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор ва ҳамтои собиқи ӯ Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон хонум Флорро бо оғози иҷрои ин вазифаи пурмасъулият табрик гуфта, ба ӯ барору комёбӣ хост ва ба собиқ Намояндаи махсуси […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси навтаъини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор ва ҳамтои собиқи ӯ Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон хонум Флорро бо оғози иҷрои ин вазифаи пурмасъулият табрик гуфта, ба ӯ барору комёбӣ хост ва ба собиқ Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел барои фаъолияти пурсамараш арзи сипос кард.

Аз рушди мунтазам ва густариши рӯз ба рӯзи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба натиҷаҳои силсилаи сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Парлумону Шӯрои Аврупо ва дигар мулоқоту музокироти мунтазам баҳои баланд дода шуд.

Сарвари давлат ба ҷараёни татбиқи Созишномаи ҳамшарикӣ ва ҳамкорӣ ва Стратегияи Иттиҳод барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2007-2013 баҳои мусбӣ дода, изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ба таҳия ва қабули Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар минтақа манфиатдор аст”.

Дар ин замина густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиёт, аз ҷумла бахши хусусии он, тиҷорат ва сармоягузорӣ, бахшҳои мухталифи саноат, гидроэнергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ ва дар таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон зарур шумурда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии байналмилалии Тоҷикистон ба бартарафсозии монеаҳои сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Баррасии авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистони ҳамсоя ҳам аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

“Вобаста ба Афғонистон ҳадафи аслии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон таъмини сулҳу субот, амният ва истиқрори ҳаёти осоишта дар ин кишвар мебошад ва мо омодаем, ки баҳри расидан ба ин ҳадафҳо ҳамкории созандаро бо шарикони байналмилалии худ идома диҳем”, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин робита татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои аҳамияти минтақавӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия амри зарурӣ дониста шуд.

Гуфтугӯи созанда, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.