Собиқ сардори ШБДА-и Ваҳдат ба ҷавобгарӣ кашида мешавад

Собиқ сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Ваҳдат Хокиро Сӯфиев, ки дар садамаи марговар айбдор карда мешавад, натанҳо аз мансаб сабукдӯш, балки мутобиқи моддаи 212, қ. 2 (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки ба марги шахс оварда расонид)-и КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Прокуратураи […]

ASIA-Plus


Собиқ сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Ваҳдат Хокиро Сӯфиев, ки дар садамаи марговар айбдор карда мешавад, натанҳо аз мансаб сабукдӯш, балки мутобиқи моддаи 212, қ. 2 (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки ба марги шахс оварда расонид)-и КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба журналистон иттилоъ дода шуд, ки тафтишоти парвандаи мазкур идома дорад. Зикр гардид, ки дар он садамаи марговар ду нафар – ронанда ва мусофири автомашинае, ки ба он автомашинаи Сӯфиев бархӯрд, ба ҳалоркат расидаанд.

Моддаи айбдории ба Сӯфиев пешниҳодшуда маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз се то 5 сол ва манъи ишғоли вазифаҳои муайян ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Шоми рӯзи 16-уми июн зимни ҳаракат дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоеви пойтахт ба самти хиёбони Шерозӣ бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Хокиро Сӯфиев аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» бармехӯрад.

Бар асари ин садама ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Сироҷиддин Солеҳови 48-сола ва мусофири ӯ ба ҳалокат расиданд. Бо фармони вазири корҳои дохилӣ Сӯфиев аз мансаб сабукдӯш ва аз сафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хориҷ карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.