Намояндагони БҶ рафти корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун»-ро месанҷанд

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) барои санҷиши рафти корҳои барқароркунӣ дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба Душанбе меоянд. Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки як ҳайати мутахассисони БҶ ҳафтаи гузашта ва ҳайати дигар имрӯз ба Душанбе меоянд. «Пагоҳ, 24-уми июл, онҳо аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» боздид намуда, пас […]

Пайрав Чоршанбиев


Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) барои санҷиши рафти корҳои барқароркунӣ дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба Душанбе меоянд.

Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки як ҳайати мутахассисони БҶ ҳафтаи гузашта ва ҳайати дигар имрӯз ба Душанбе меоянд.

«Пагоҳ, 24-уми июл, онҳо аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» боздид намуда, пас аз шиносоӣ бо он ба ҳукумат хулосаи худро пешниҳод месозанд», – гуфт ӯ.

Дар робита ба масъалаи коҳиши шумори коргарони нерӯгоҳ, ки чанде қабл ба журналистон вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон хабар дода буд, вазир гуфт, дар ин хусус ҳеҷ маълумоте надорад.

«Бо масъалаи назорати сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» сохтори дигар машғул аст, ки мустақиман ба нахуствазир тобеъ мешавад, – гуфт вай. – Дар бораи коҳиш ё зиёд кардани шумори бинокорон пас аз хулосаҳои намояндагони Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифта хоҳад шуд».

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев имрӯз ба рӯзноманигорон изҳор кард, ки маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» тибқи реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад.

«Дар нимсолаи аввали соли равон тибқи нақша ба сохтмони ин иншоот 566 млн. сомонӣ равона гардид. Дар маҷмӯъ, то ахири сол ҷудо кардани 1,1 млрд. сомонӣ (беш аз 230 млн. доллари ИМА) пешбинӣ мешавад. Айни замон созишномаҳои баимзорасида бо паймонкорон ва боррасонон оид ба ин иншоот амал мекунанд. Аз ин рӯ, корҳои барқароркунӣ тибқи реҷаи муқаррарӣ идома доранд», – гуфт ӯ.

Нуралиев афзуд, натиҷаҳои баҳодиҳӣ ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи  «Роғун» аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бояд моҳи майи соли оянда ба итмом бирасанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.