Қарзи хориҷии Тоҷикистон 50 млн. $ афзуд

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Ба охири нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 127,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 29,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст – гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев.

Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса ба аввали соли 2012 қарзҳои хориҷии ҷумҳурӣ 49,75 млн. доллари ИМА зиёд шуданд.

«Аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ миқдори қарзҳои бевоситаи давлат 940,53 млн. $ аст, ки аз ҷониби ҳукумат пардохт мегардад. Дар ин самт қарздиҳандагони асосӣ Бонки ҷаҳонӣ (371,27 млн. $), Бонки осиёгии рушд (333,02 млн. $) ва Бонки исломии рушд (103,58 млн. $) мебошанд. Ба охири моҳи июн ҳаҷми қарзҳои дуҷониба 997,60 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин ҷо ҳаҷми асосии қарз ба «Эксимбонк»-и Чин (878 млн. $) рост меояд. Ғайр аз ин, қарзҳои Бонки миллӣ дар назди Хазинаи байнулмилалии асъор 120 млн. $ ва ҳукумати Чин 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Боз каме бештар аз 45 млн. доллари ИМА қарзҳое мебошанд, ки таҳти кафолати вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҷалб шудаанд», – таъкид кард вай.

Номбурда зикр кард, ки дар нимсолаи аввал барои пардохти қарзи асосӣ 32,27 млн. ва фоизҳои онҳо 15,27 млн. доллари ИМА маблағ равона гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.