Қарзи хориҷии Тоҷикистон 50 млн. $ афзуд

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Ба охири нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 127,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 29,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст – гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев. Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса ба аввали соли 2012 қарзҳои […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Ба охири нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 127,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 29,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст – гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев.

Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса ба аввали соли 2012 қарзҳои хориҷии ҷумҳурӣ 49,75 млн. доллари ИМА зиёд шуданд.

«Аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ миқдори қарзҳои бевоситаи давлат 940,53 млн. $ аст, ки аз ҷониби ҳукумат пардохт мегардад. Дар ин самт қарздиҳандагони асосӣ Бонки ҷаҳонӣ (371,27 млн. $), Бонки осиёгии рушд (333,02 млн. $) ва Бонки исломии рушд (103,58 млн. $) мебошанд. Ба охири моҳи июн ҳаҷми қарзҳои дуҷониба 997,60 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин ҷо ҳаҷми асосии қарз ба «Эксимбонк»-и Чин (878 млн. $) рост меояд. Ғайр аз ин, қарзҳои Бонки миллӣ дар назди Хазинаи байнулмилалии асъор 120 млн. $ ва ҳукумати Чин 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Боз каме бештар аз 45 млн. доллари ИМА қарзҳое мебошанд, ки таҳти кафолати вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҷалб шудаанд», – таъкид кард вай.

Номбурда зикр кард, ки дар нимсолаи аввал барои пардохти қарзи асосӣ 32,27 млн. ва фоизҳои онҳо 15,27 млн. доллари ИМА маблағ равона гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.