Беш аз 45 млн. $ гранти БҶ баҳри рушди кишоварзӣ дар ҷануб

Date:


Бо мақсади маблағгузории дуввумин лоиҳаи «Шуғли ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон»


аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив имрӯз дар Душанбе Созишномаи грантӣ ба имзо расид.

Лоиҳаи нав тавассути гранти Ассотсиатсияи рушди байналмиллалӣ (АРБ) иборат аз 18 миллион доллари ИМА ва гранти Барномаи фонди бисёрҷонибаи мақсаднок оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқа дар ҷаҳон иборат аз 27,9 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ мегардад. Раёсати директорони Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории мазкурро дар ҳаҷми 45,9 миллион доллари ИМА моҳи ноябри соли 2012 тасдиқ намуд. Лоиҳаи нав ба дастгирии зиёда аз 770,000 нафар аҳолии дувоздаҳ ноҳияи ҷануби вилояти Хатлони Тоҷикистон тавассути таъмини шуғли муваққатии ҷамъиятӣ ва барқарорсозии инфрасохтори муҳимми ирригатсионӣ, заҳбуру заҳкаш равона шудааст.

«Аз тавсеаи лоиҳаи мазкур ва фарогирии ноҳияҳои нави Тоҷикистон хушҳолам, зеро амнияти озуқа барои некӯаҳволии кӯдакон ва калонсолон дар ҳама ҷо муҳим аст” Тавассути таъмин намудани имкониятҳои шуғли муваққатӣ мо тасмим гирифтем ба оилаҳои деҳот на танҳо дар дарёфти даромади иловагӣ, балки дар беҳтар намудани дастрасӣ ба обёрӣ, ки он боиси зиёдшавии ҳосили зироат дар солҳои оянда мегардад, кӯмак расонем», – гуфт Mарша Олив, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.

Ноустувории нархи озуқаворӣ барои кишвар мушкиле боқӣ мемонад, зеро он ба шахсони алоҳида ва оилаҳои бахусус минтақаҳои деҳот хавфҳои иловагӣ ба пеш меорад. Азбаски барои озуқаворӣ зиёда аз нисфи буҷети хонаводаҳо дар Тоҷикистон масраф мешавад, лоиҳа ба дастгирии оилаҳои деҳот ва ҷалби тақрибан 22,000 нафар аҳолӣ танҳо ба корҳои муваққатӣ равона шудааст. Барқарорсозии инфрасохтори ирригатсионӣ, заҳбуру заҳкашҳо дастрасиро ба обёрии тақрибан 190,000 гектар замин беҳтар намуда аз он 750,000 нафар аҳолии деҳот баҳра хоҳанд бурд. Интизор меравад, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳа ҳосили зироат ба 10 фоиз афзоиш хоҳад ёфт. Лоиҳа ислоҳоти ҷории институтсионалӣ ва сиёсатро дар самти идоракунии захираҳои об низ дастгирӣ мекунад. Тақрибан 20 Ассотсиатсияи нави истифодабарандагони об (АИО) таъсис дода шуда ба иқтидори онҳо ва дигар 33 АИО дар минтақаҳои лоиҳа мавҷудбуда баланд бардошта мешавад.

Лоиҳаи қаблӣ тавассути Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба эътинои таъҷилӣ ба бӯҳрони озуқаворӣ, ки дар ҳаҷми 10.01 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ шуда буд, соли 2010 оғоз гардид. Лоиҳа дар таъмин намудани 10,590 нафар бо ҷои кор дар панҷ ноҳияи осебпазири вилояти Хатлон, бахусус ноҳияи Фархор, Қумсангир, Қабодиён, Шаҳритӯс ва Вахш мусоидат намуд. Ҳар як шахс даромади холиси 230 долл.ИМА-ро ба даст овард. Дар баробари ин, дастрасӣ ба 44,276 гектар заминҳои обёришавандаи корам беҳтар гардид. Ин ба афзоиши на кам аз 5 фоизаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла биринҷ, сабзавот, картошка ва гандум дар ноҳияҳои лоиҳавӣ оварда расонид.

Айни замон, сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 лоиҳа бо ӯҳдадориҳои умумӣ дар ҳаҷми 252,8 млн.доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи бузургтарини сандуқи сармоягузориро соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот (27 фоиз), баъдан бахши энергетика (24 фоиз), обтаъминкунӣ ва беҳдошт (18 фоиз), рушди инсон – маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (24 фоиз), бахши хусусӣ (4 фоиз) ва бахши давлатӣ (2 фоиз)-ро ташкил медиҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...