Боздошти корманди комиссариати ҳарбии Исфара ҳангоми порагирӣ

Корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳангоми порагирӣ боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, кормандони раёсати сардори шуъбаи 4-уми комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара А.И.-ро боздошт намудаанд. «Муайян карда шудааст, ки ӯ барои тайёр кардани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии қалбакӣ аз сокини […]

Мавлуда Рафиева


Корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳангоми порагирӣ боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, кормандони раёсати сардори шуъбаи 4-уми комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара А.И.-ро боздошт намудаанд.

«Муайян карда шудааст, ки ӯ барои тайёр кардани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии қалбакӣ аз сокини маҳаллӣ ба миқдори 600 доллари ИМА пора талаб карда, зимни гирифтани пора бо далели шайъӣ дастгир карда шуд», – гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 247, қ. 3-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати мазкур, соли 2012 дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 128 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли 2011 – 108 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.