Роҳбари Иттифоқи автомобилистони Сарбанд назди суд ҷавоб мегӯяд

Роҳбари Иттифоқи автомобилистони шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон назди суд ҷавоб мегӯяд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиши прокуратураи вилояти Хатлон Бахтиёр Ҳайдаров хабар дод, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ нисбати роҳбари Иттифоқи автомобилистони шаҳри Сарбанд Шамсулло Аминов ва корманди зертобеъи ӯ Азим Ҷавгаров ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба суди шаҳри Сарбанд ирсол шудааст. Ба қавли сармуфаттиш, […]

Сайраҳмон Назриев


Роҳбари Иттифоқи автомобилистони шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон назди суд ҷавоб мегӯяд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиши прокуратураи вилояти Хатлон Бахтиёр Ҳайдаров хабар дод, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ нисбати роҳбари Иттифоқи автомобилистони шаҳри Сарбанд Шамсулло Аминов ва корманди зертобеъи ӯ Азим Ҷавгаров ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба суди шаҳри Сарбанд ирсол шудааст.

Ба қавли сармуфаттиш, ҳарду дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 295, қ. 1 (Сўиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) ва 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешаванд.

Сармуфаттиш мегӯяд, соли 2012 Аминов ва Ҷавгаров дар бораи хатми курсҳои ронандагии дараҷаи «В» шаҳодатномаҳои қалбакӣ омода сохта, онро ба шӯъбаи сабти БДА-и вилояти Хатлон фиристодаанд.

«Ҳамчунин як қатор далелҳои додани шаҳодатномахои қалбакӣ дар бораи хатми мактаби ронандагӣ низ ошкор шуд, ки он ҳуҷҷати ҳуқуқӣ буда, супоридани имтиҳон аз рӯи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба БДА-ро дорад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.