Шумори аҳолии Тоҷикистон ба 8 млн. нафар расид

Дар таваллудхонаи №3-и пойтахт сокини 8-миллионнафараи Тоҷикистон ба дунё омад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз муассисаи тиббии мазкур хабар доданд, ин духтарча 2 килову 700 грам вазн дошта, қоматаш ба 48 сантиметр баробар аст ва фарзанди нахустин дар оилаи Майсара Шарифоваи 33-сола ва Раҳмоналӣ Раҳмонови 37-сола буда, вазъи саломатии модару духтар қаноатбахш аст. Ба гуфтаи […]

Маҳпора Киромова


Дар таваллудхонаи №3-и пойтахт сокини 8-миллионнафараи Тоҷикистон ба дунё омад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз муассисаи тиббии мазкур хабар доданд, ин духтарча 2 килову 700 грам вазн дошта, қоматаш ба 48 сантиметр баробар аст ва фарзанди нахустин дар оилаи Майсара Шарифоваи 33-сола ва Раҳмоналӣ Раҳмонови 37-сола буда, вазъи саломатии модару духтар қаноатбахш аст.

Ба гуфтаи сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ба наздикӣ ба падару модари тифли навзод калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дар пойтахт тақдим мегардад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, ба санаи 1-уми январи соли 2013 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 984 ҳазору 800 нафарро ташкил медод. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.