Таваҷҷуҳи ширкатҳои бритониёӣ ба бахши кишоварзии Тоҷикистон

Зимни мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири Британияи Кабир дар ҶТ Ҷереми Орд-Смит вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Қосимов ба сафир роҷеъ ба вазъи имрӯзаи бахши кишоварзии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, аз ҷумла зикр […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири Британияи Кабир дар ҶТ Ҷереми Орд-Смит вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Қосимов ба сафир роҷеъ ба вазъи имрӯзаи бахши кишоварзии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, аз ҷумла зикр кард, ки агар 20 сол қабл соҳаи пахтакорӣ беш аз 70%-и заминҳои обёришавандаро ишғол мекард, феълан ин нишондиҳанда ба ҳудуди нисфи он баробар шудааст.

«Минбаъд Тоҷикистон ният дорад, ки тавассути афзоиши сатҳи даромаднокии деҳқонон бо истифода аз технологияҳои муосир, ҳархеласозии истеҳсол ва тақвияти имконоти содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳалли масъалаи таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат намояд ва аз ин рӯ, табодули таҷриба бо фермерони муваффақи Британияи Кабир мувофиқи мақсад аст», – гуфт вазир.

Дар идома зикр гардид, ки дар бахшҳои рустанипарвариву боғдорӣ ва чорводориву илми кишоварзӣ низ шароитҳои мусоиди ҳамкорӣ вуҷуд доранд.

Дар навбати худ сафири Британияи Кабир қайд кард, ки кишвараш ба раванди минбаъдаи ислоҳот ва рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон ва ҳамчунин таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорон ва фермерони ду кишвар манфиатдор аст.

Ба қавли вай, тайи солҳои ахир аз ҷониби Вазорати рушди байнулмилалии Британияи Кабир (DFID) ба ин бахш беш аз 13 млн. фунт стерлинг маблағ ҷудо гардида, минбаъд ҷалби сохторҳои тиҷоратии Британия ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус ба бахши кишоварзӣ дар назар аст.

Сафир инчунин илова намуд, ки як қатор ширкатҳои маъруфи кишвараш ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои омӯзиши имконоти роҳандозии ҳамкорӣ дар ин самт аз Тоҷикистон боздид карданианд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.