Рӯзи ҷумъа, 8-уми феврал дар Маскав маросими баимзорасии Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия баргузор мешавад.
Бино ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар асоси ин созишнома, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, дар муддати 15 рӯз аз уҳдадории ба қайд гузоштан дар мақомоти салоҳиятдори кишвари будубош озод мешаванд. Айни замон муҳлати ба қайд гузоштан дар сохторҳои дахлдори Русия 7 рӯзро ташкил медиҳад.
«Созишнома аз ҷониби сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукмати ҶТ Сафиалло Девонаев, ки бо ин мақсад имрӯз озими Маскав гардид ва роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский ба тасвиб хоҳад расид», – гуфта мешавад дар иттилои намояндагии ХМ ҶТ дар Русия.
Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли гузашта зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар бораи баимзорасии соззишномаи мазкур тавофуқ ҳосил шуда буд.


