Шаҳрҳои гаронтарини дунё номбар шуданд

Шуъбаи таҳлилии маҷаллаи The Economist таҳти унвони «Арзиши ҳаёт дар ҷаҳон -2013» ҳисоботеро нашр намуд, ки мувофиқи он, аз ҳама шаҳри гаронтарин дар ҷаҳон Токио ба шумор меравад. Дар поёни рӯйхат шаҳрҳои ҳиндустонии Мумбай ва Қарочӣ чой гирифтаанд. Тавре Pravda.ru хабар медиҳад, нисбат ба дигар шаҳрҳои ҷаҳон дар Мумбай ва Қарочи зиндагонӣ кардан аз хама […]

ASIA-Plus


Шуъбаи таҳлилии маҷаллаи The Economist таҳти унвони «Арзиши ҳаёт дар ҷаҳон -2013» ҳисоботеро нашр намуд, ки мувофиқи он, аз ҳама шаҳри гаронтарин дар ҷаҳон Токио ба шумор меравад. Дар поёни рӯйхат шаҳрҳои ҳиндустонии Мумбай ва Қарочӣ чой гирифтаанд.

Тавре Pravda.ru хабар медиҳад, нисбат ба дигар шаҳрҳои ҷаҳон дар Мумбай ва Қарочи зиндагонӣ кардан аз хама арзонтар аст. Дар руйхати шаҳрҳое, ки зиндагӣ дар онҷо қимат аст, Токио дар ҷои аввал буда, сипас Осака, Сидней, Осло, Мельбурн, Сингапур, Сюрих,  Каракас ва Женева номбар шудаанд.

Тибқи ҳисобу китоби мутахассисон, нархи як кило нон дар Токио нисбат ба Мумбай нуҳ маротиба киматтар мебошад. Ба рӯйхати шаҳрҳои барои зиндагонӣ дастрас ба ҷуз шаҳрҳои ҳиндустонӣ, Катманду, Алҷазоир, Бухарест, Коломбо ва Панама низ шомиланд. Дар маҷмӯъ, барои тартиб додани рейтинг маълумоти 131 шаҳри дунё истифода шудааст.

Барои таҳқиқи арзиши ҳаёт беш аз 400 нархи 160 маҳсулот ва хизматрасонӣ муқоиса карда шудааст. Дар онҳо бахусус нархи маҳсулоти ғизоӣ, нӯшокиҳо, сарулибос, ашёи рӯзгор, иҷорапулии манзил, нақлиёт, хизматрасонии коммуналӣ, хароҷот барои мактаб ва истироҳат ба инобат гирифта шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.