Мурофиаи аввал оид ба даъвои Р.Ҳукумов нисбати «ИмрӯзNews»

Мурофиаи аввали додгоҳии баррасии даъвои Рустам Ҳукумов, писари раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амоннуло Ҳукумов нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар суди ноҳияи Синои пойтахт рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, санаи 11-уми феврал доир мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ноҳияи Сино Зокир Аминов хабар дод. Ба гуфтаи вай, дар даъвояш Рустам Ҳукумов изҳор мекунад, […]

Аваз Юлдошев


Мурофиаи аввали додгоҳии баррасии даъвои Рустам Ҳукумов, писари раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амоннуло Ҳукумов нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар суди ноҳияи Синои пойтахт рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, санаи 11-уми феврал доир мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ноҳияи Сино Зокир Аминов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар даъвояш Рустам Ҳукумов изҳор мекунад, ки ӯ ба хулосаҳои журналист дар мавриди гӯё аз ҷониби ҳукуматдорони тоҷик «иваз шудани ӯ ба халабонони русиягиву эстонӣ Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз ҳабс» қатъиян розӣ нест.

«Дар аризаи даъвогӣ Рустам Ҳукумов тақозо кардааст, ки ин далел аз ҷониби идораи рӯзнома собит карда шавад», – гуфт ӯ.

Дар идома Зокир Аминов иброз дошт, ки дархости Р.Ҳукумов дар бораи пушти дарҳои пӯшида сурат гирифтани баррасии даъво дар ҷараёни мурофиаи аввал муҳокима мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январ Рустам Ҳукумов ба суди ноҳияи Синои пойтахт нисбати рӯзномаи «ИмрузNews» оид ба ҳифзи шаъну эътибор даъво пеш овард. Дар аризаи даъвогӣ Р.Ҳукумов аз суд дархост намудааст, ки аз идораи рӯзнома ба манфиати ӯ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ товони зарари маънавӣ рӯёнида шавад.

Нашри мавод дар рӯзнома таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» – и падарҳо шудаанд» аз 16-уми октябри соли гузашта ба пешниҳоди аризаи даъвогӣ боис гардидааст.

Соли 2010 Рустам Ҳукумов дар Русия ба иттиҳоми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуда, моҳи декабри соли 2011 аз рӯи ҳамин парванда бегуноҳ эътироф шуд.

Он замон аксари коршиносон этирофи бегуноҳии Р.Ҳукумовро ба озодии халабони рус Владимир Садовничий ва ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко рабт доданд, ки соли 2011 аз ҷониби суди Қӯрғонтеппа ба муддати 8,5 соли зиндон маҳкум гардида, сипас бо қарори зинаи таҷдиди назари судӣ  муҳлати ҷазояшон то 2 солу 6 моҳ кам ва аз толори суд озод карда шуда буданд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.