Абдуллоҷонов: Маро дар қайди ҳаёт дидан намехоҳанд

Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов мегӯяд, дар сурати истирдод ба ватан хатари таҳдид ба ҷони ӯ аз эҳтимол дур нест. Бино ба иттилои Search News, зимни шарҳи қарори суди ноҳиявии Бориспол оид ба ҳабси муваққатиаш ба муддати 40 рӯз ӯ чунин ибрози назар кардааст. «Онҳо зинда будани маро намехоҳанд. Онҳо дар муддати ду-се ё ҳадди […]

ASIA-Plus


Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов мегӯяд, дар сурати истирдод ба ватан хатари таҳдид ба ҷони ӯ аз эҳтимол дур нест.

Бино ба иттилои Search News, зимни шарҳи қарори суди ноҳиявии Бориспол оид ба ҳабси муваққатиаш ба муддати 40 рӯз ӯ чунин ибрози назар кардааст.

«Онҳо зинда будани маро намехоҳанд. Онҳо дар муддати ду-се ё ҳадди ниҳоӣ 4 моҳ маро зинда намегузоранд. Ин кор аз дасти онҳо меояд ва ман инро ба хубӣ медонам. Агар ба Украинаву адолати судӣ ва ҷомеа ин масъала арзише надошта бошад, пас тақдир ҳамин будааст», – изҳор кардааст Абдуллоҷонов.

Ба гуфтаи собиқ нахуствазири Тоҷикистон, ӯ аз қарори суд қаноатманд набуда, ба зинаи таҷдиди назар шикоят бурданист.

Андрей Федур, ҳимотгари Абдуллоҷонов изҳори умедворӣ намудааст, ки зерҳимояи ӯ ба мақомоти Тоҷикистон супурда намешавад. «Зерҳимояи маро ба кишваре, ки дархост мекунанд, истирдод кардан лозим нест, зеро дар онҷо ба ҷони ӯ хатари воқеӣ таҳдид мекунад. Зерҳимояи ман мақоми гурезаро соҳиб аст ва бояд ҳамчун гуреза мавриди ҳифз қарор гирад. Ӯ мутобиқи конвенсияи байнулмилалии дахлдор ҳифз мешавад», – гуфтааст ҳимоятгар.  

Рӯзи панҷшанбе суди ноҳиявии Бориспол (вилояти Киев) пешниҳоди прокуратураро

қонеъ намуда

, дар бораи ҳабси муваққатии собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов қарор қабул кард. Абдуллоҷонов ба муддати 40 рӯз, то 17-уми март муваққатан ба ҳабс гирифта мешавад. То анҷоми ин муҳлат Душанбе бояд расман ба ҳукуматдорони Украина ҷиҳати истирдоди ӯ муроҷиат намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.