Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Президенти ТИКА

Азия-Плюс

Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия (ТИКА) доктор Сердар Чам дар Анқара вохӯри намуд.             Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ ва тайёр намудани мутахассисонро дар бахшҳои мазкур ва ҷалби сармоягузорони туркро ба иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.             […]

Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия (ТИКА) доктор Сердар Чам дар Анқара вохӯри намуд.

            Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ ва тайёр намудани мутахассисонро дар бахшҳои мазкур ва ҷалби сармоягузорони туркро ба иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

             Сердар Чам хотиррасон намуд, ки соли ҷорӣ ТИКА дар шаҳри Душанбе Маркази ташхис ва табобати саратон барои кӯдакон ва мактаби миёнаро дар шаҳри Данғара расман ифтитоҳ хоҳад кард.

             Қобили зикр аст, ки Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия дар назди Сарвазири Туркия мебошад ва аз номи Ҳукумати Туркия ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, тиҷорат, обу энергетикаи кишварҳои Осиё ва Африқо кӯмак мерасонад. ТИКА аз соли 1992 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, соли 1995 Намояндагии худро дар шаҳри Душанбе кушодааст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.