КДАМ: Безараргардонии қочоқбарони нашъа аз ҳисоби кормандони мақомоти интизомӣ

ASIA-Plus

Зимни як амалиёти махсуси муваффақонаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ беш аз 138 кило маводи мухаддир мусодира гардида, 10 нафар боздошт шуданд, ки миёни онҳо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти марзбонӣ ҳузур доранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КДАМ ҶТ хабар доданд, амалиёт дар ду марҳила – дар ағбаи кӯҳии воқеъ дар вилояти Суғд […]


Зимни як амалиёти махсуси муваффақонаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ беш аз 138 кило маводи мухаддир мусодира гардида, 10 нафар боздошт шуданд, ки миёни онҳо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти марзбонӣ ҳузур доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КДАМ ҶТ хабар доданд, амалиёт дар ду марҳила – дар ағбаи кӯҳии воқеъ дар вилояти Суғд бо мусодираи ҳудуди 45 кило героин аз автомашина ва дар Душанбе бо мусодираи 94 кило маводи нашъаовари ҳашиш аз гараж сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни амалиёт ҳамчунин рақамҳои автомашинаи мутааллиқ ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон низ дарёфт шудаанд, ки аз нақшаҳои минбаъдаи қочоқбарон гувоҳӣ медиҳанд.

«Вобаста ба ин ҳодиса 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла корманди фаврии ваколатдори Раёсати кофтукови ҷиноятии ШВКД ҶТ дар ноҳияи Сино-1, капитани милиса Ҷамшед Сафаров, ду нафар хизматчии қисми низомии 2610-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ Зайниддин Аҳмадов ва Тоҷиддин Бердиев, собиқ корманди КДАМ ҶТ Раҳим Иброҳимов ва боқимонда шаҳрвандони мулкӣ боздошт гардиданд», – гуфтанд дар КДАМ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далелҳо дар Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.