АНМН: Мусодираи 46 кило маводи мухаддир дар марз

Бар асари роҳандозии як амалиёти муваффақона дар қаламрави ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ беш аз 46 кило маводи мухаддир мусодира намуданд. Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, кормандони Агентӣ ба гумони интиқоли ғайриқонунии мухаддирот мошини сабукрави тамғаи “Опел-астра”-ро боздошт карда, дар ҷараёни азназаргузаронии мошин аз дохили он 43 […]

ASIA-Plus



Бар асари роҳандозии як амалиёти муваффақона дар қаламрави ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ беш аз 46 кило маводи мухаддир мусодира намуданд.


Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, кормандони Агентӣ ба гумони интиқоли ғайриқонунии мухаддирот мошини сабукрави тамғаи “Опел-астра”-ро боздошт карда, дар ҷараёни азназаргузаронии мошин аз дохили он 43 кило маводи нашъаовари ҳашиш ва наздики 4 кило афюнро дарёфт ва мусодира намудаанд.


Ба иттилои манбаъ, дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян гардидааст, ки маводи мухаддир ба зода ва сокини  35-солаи деҳаи Мишкорони ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод мутааллиқ буда, ӯ доғи судӣ надорад.


Айни замон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳолатҳои содир намудани амали ҷиноӣ ва шиносоии шахсони дигари алоқаманд ба он мавриди тафтиш қарор мегирад. Боздоштшуда дар тафқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.