Кордзанӣ ба журналисти тоҷик дар Маскав

Шоми дирӯз собиқ сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Бахтиёр Сатторӣ дар шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои зиёд аз корд ба бемористон мунтақил шуд. Бино ба маълумоти намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Маскав, Сатторӣ ба бемористони №7-и ноҳияи Коломенскии вилояти Маскав мунтақил гардида, субҳи имрӯз ҷарроҳӣ шудааст. Ҳолати ӯро табибон […]

Аваз Юлдошев


Шоми дирӯз собиқ сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Бахтиёр Сатторӣ дар шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои зиёд аз корд ба бемористон мунтақил шуд.

Бино ба маълумоти намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Маскав, Сатторӣ ба бемористони №7-и ноҳияи Коломенскии вилояти Маскав мунтақил гардида, субҳи имрӯз ҷарроҳӣ шудааст. Ҳолати ӯро табибон хеле вазнин арзёбӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, журналист тахминан соатҳои 23 аз манзили иҷорааш барои харидани тамоку ба берун баромада, мавриди ҳуҷуми шахсони номаълум қарор гирифтааст. Ҳадаф ва сабабҳои ҳамла ба Сатторӣ алҳол мушаххас нестанд.

Ёдрас мекунем, ки журналист Бахтиёр Сатторӣ қаблан дар намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав фаъолият дошта, ҳамчунин ба ҳайси сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ифои вазифа намудааст. Моҳи июли соли гузашта аз мансаб сабукдӯш гардида буд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.