Оғози мурофиаи гумонбарон ба қатли генерал Назаров

Дар бинои тавқифгоҳи муваққатии маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ мурофиаи додгоҳии гумонбарон ба қатли генерал Абдулло Назаров оғоз гардид. Ба даст доштан дар куштори генерал ду тан аз сокинони Хоруғ – Оқил Айёмбеков, бародари яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон Толиб Айёмбеков ва ҳамсояву дӯсти ӯ аз маҳаллаи «Хлебзавод» Ҳамза Муродов гумонбар дониста мешаванд. Тавре […]

Наргис Ҳамробоева


Дар бинои тавқифгоҳи муваққатии маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ мурофиаи додгоҳии гумонбарон ба қатли генерал Абдулло Назаров оғоз гардид.

Ба даст доштан дар куштори генерал ду тан аз сокинони Хоруғ – Оқил Айёмбеков, бародари яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон Толиб Айёмбеков ва ҳамсояву дӯсти ӯ аз маҳаллаи «Хлебзавод» Ҳамза Муродов гумонбар дониста мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари айбдоршаванагон Файзи Олӣ хабар дод, пушти дарҳои пӯшида баргузор шудани мурофиа барои таъмини бехатарии иштирокчиёни мурофиа сурат гирифта, зерҳимоягони ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) айбдор карда мешаванд.

Ба қавли вай, мурофиаро судяи Суди олии ҶТ Мирзо Каримов раисӣ карда, ҷониби айбдоркунандаи давлатиро намояндаи Прокуратураи генералӣ ва ҷониби ҷабрдидаро писари генерали кушташуда Умед Назаров намояндагӣ мекунанд. «Ғайр аз ин, дар мурофиа 14 нафар шоҳидони он ҳодисаи фоҷеабор, аз ҷумла ҳамроҳони генерал – кормандони мақомоти амният ва дигар шоҳидон аз ҳисоби аҳолӣ ҳузур доранд», – иброз дошт ӯ.

Дар мурофиаи аввали судӣ муайян кардани ҳайати суд ва қироати хулосаи айбнома дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки генерал Назаров шоми 21-уми июли соли гузашта зимни бозгашт аз Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, кушта шуд. Автомашинаи ӯ аз ҷониби афроди номаълум боздошт шуда буд. Онҳо генералро аз автомашина берун ва бо корд якчанд зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд.

Тибқи фарзияи тафтишот, ба куштори сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ як гурӯҳ шахсоне даст доранд, ки ба қочоқи маҳсулоти тамоку машғуланд.

То соли 2010 Абдулло Назаров ба ҳайси муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, қаблан ба сифати сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд фаъолият дошт.

Пас аз куштори генерал Абдулло Назаров ҷиҳати боздошт ё нобуд кардани гунаҳкорони қатли генерал, дар Хоруғ амалиёти низомии сохторҳои қудратӣ роҳандозӣ шуда, тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни он 13 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва 30 тан аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба ҳалокат расиданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.