Тақвияти фаъолияти Комиссияи кор бо занони ҲХДТ

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Комиссияи доимамалкунандаи назди Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ оид ба кор бо занон, муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова машварати корӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар машварат аъзои комиссияи мазкур, вакилони мардумӣ Назира Ғаффорова, Галия Рабиева, Хайринисо Юсуфӣ, Марҳабо Ҷабборова, Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи […]

ASIA-Plus


Имрӯз таҳти раёсати Раиси Комиссияи доимамалкунандаи назди Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ оид ба кор бо занон, муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова машварати корӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар машварат аъзои комиссияи мазкур, вакилони мардумӣ Назира Ғаффорова, Галия Рабиева, Хайринисо Юсуфӣ, Марҳабо Ҷабборова, Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева ва дигарон иштирок доштанд.

Раиси Комиссия Руқия Қурбонова таъкид намуд, ки бо мақсади  сазовор таҷлил намудани 20-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модар ва Иди Наврӯз аз ҳисоби занони фаъоли ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода, бо қишрҳои мухталифи ҷомеа вохӯрию мулоқотҳо доир намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки аз васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода карда, дастовардҳои ҷумҳуриро таблиғу ташвиқ намоянд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки ҳангоми вохӯрию мулоқот бо шаҳрвандон оид ба пешгирӣ намудани  амалҳои номатлуб аз қабили худкушӣ, худсӯзӣ, содири ҷиноят аз ҷониби занон, ҷалби духтарон ба мактаб, ҷудошавии оилаҳо, пешгирӣ намудани бемориҳои ВИЧ СПИД, нашъамандӣ ва ғайра сӯҳбатҳо доир намоянд.

Дар машварати кории Комиссия Муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров ширкат варзида, оид ба фаъолияти назарраси занони фаъоли ҷумҳурӣ, ба хусус аъзои ҳизб ибрози ақида намуд ва аз ҷумла зикр кард, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум лозим аст, ки ҳар чи бештар муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои  динӣ» фаҳмонда шавад.

Дар ниҳояти машварат Раиси Комиссия Руқия Қурбонова перомуни мусоидатҳои ҳукумат дар мавриди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва проблемаҳои дигари ҳаёти иҷтимоию сиёсии занон изҳори андеша намуда, таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки ҳамаи мушкилоти бонувон ҳалшавандаанд. Барои ин кўшишу талоши тамоми табақаҳои ҷомеа бояд сафарбар карда шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.