Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии адолати иҷтимоӣ

Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи умумиҷаҳонии адолати иҷтимоӣ ҷашн гирифта мешавад. Бино ба иттилои Маркази иттилооти СММ, дар паёми худ бахшида ба ин ҷашн Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба масъалаи афзоиши бештари нобаробарӣ дар ҷаҳон, ки ба миллионҳо нафар барои аз фақр раҳоӣ ёфтан имкон намедиҳад, таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. «Дар баробари таҷлил аз […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи умумиҷаҳонии адолати иҷтимоӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба иттилои Маркази иттилооти СММ, дар паёми худ бахшида ба ин ҷашн Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба масъалаи афзоиши бештари нобаробарӣ дар ҷаҳон, ки ба миллионҳо нафар барои аз фақр раҳоӣ ёфтан имкон намедиҳад, таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

«Дар баробари таҷлил аз Рӯзи умумиҷаҳонии адолати иҷтимоӣ мо дар ҳама ҷо  густариши имконот барои аққалият ва афзоши нобаробарӣ барои аксариятро мушоҳида мекунем», – баён мегардад дар паём.

Дар паём таъкид мегардад, ки бо қабули Ҳадафҳо дар соҳаи рушди Эъломияи ҳазорсола сарони кишварҳои пешрафта уҳдадор шуданд, ки дар ҷаҳон шароитҳои бештар баробар ва адолатнокро фароҳам меоваранд, вале миллиардҳо одамон имрӯз натиҷаҳои ин ваъдаҳоро эҳсос намекунанд.

«Бо ният ба бунёди ҷаҳони барои мо дилхоҳ биёед баҳри таъмини роҳи фарогиру баробар ва устувори бар муколама, ошкорбаёнӣ ва адолати иҷтимоӣ асосёфта бештар кӯшиш ба харҷ диҳем», – даъват кардааст Пан Ги Мун.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.