Ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зарар расонидан ба нуфузи кории ширкат нисбат ба адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба Суди олии иқтисодӣ даъво пеш овард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Тоҷирон» иттилоъ доданд, онҳо аз суд дархост кардаанд, ки мақолаи дар рӯзнома таҳти унвони «Мурдафурӯшӣ дар ширкати «Тоҷирон» нашршударо ғайривоқеӣ эътироф намуда, аз рӯзнома талаб карда шавад, ки ба он расман раддия чоп гардад.
«Ғайр аз ин, ширкат ҳамчунин аз суд дархост намудааст, ки барои дар мақола истифода шудани андешаҳои адвокат Файзинисо Воҳидова, ки ба мартабаи кории ширкат зарар расонидааст, аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ ва аз газета маблағи рамзии 1 сомонӣ ҷуброн ситонида шавад», – гуфтанд дар ширкат.
Дар ширкат бар ин назаранд, ки нашри далелҳои носанҷида иштибоҳи рӯзнома буда, мувофиқи қонунгузорӣ журналист бояд далелҳоро дубора бисанҷад ва андешаҳои ҳарду ҷонибро пешниҳод намояд. «Дар ҳолати мазкур далелҳои садамаи нақлиёт, ки дар мақола сухан дар бораи он меравад, аз ҷониби рӯзнома санҷида нашудаанд, ки ин ба поинравии нуфузи ширкат миёни аҳолӣ боис гардид», – иброз доштанд дар «Тоҷирон».
Дар маводи рӯзнома аз 17-уми январ зикр мегардад, ки намояндагони ширкати «Тоҷирон» барои ҷасади яке аз иштирокчиёни садамаи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 20 ҳазор доллари ИМА маблағ талаб кардаанд, зеро гӯё бо айби ҳалокшуда ширкат як миқдор сӯзишвории кашонидаро аз даст додааст. Бино ба маълумоти муаллифи мақола, пас аз ҷуброни тамоми маблағ ҷасад ба хешовандони ӯ супурда шудааст.
Дар ин робита адвокат Файзинисо Воҳидова ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс»гуфт, намефаҳмад, ки чаро ширкат барои зарари маънавӣ аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ талаб кардааст, зеро ӯ муаллифи мақола нест ва сарлавҳаи мақоларо ҳам ӯ нагузоштааст, ки аз он ширкат норозӣ мебошад.
Ба қавли вай, ӯ танҳо ба саволҳои хабарнигор дар бораи паҳлӯҳои ҳуқуқии садамаи нақлиёт, ки бар асари он ронандаи автомашинаи сабукрав – корманди милиса ҳалок шуда, гӯё автомашинаи боркаш ҳудуди 6 литр бензинро талаф додааст, посух гуфтааст.
Ба гуфтаи адвокат, маблағи умумии бензини талафёфта, шояд 30-40 сомонӣ арзиш дошта, вале ширкат ҷиҳати муайян кардани маблағи воқеии зарари расида ташхис доир накардааст, ки он маъмулан зимни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ гузаронида мешавад.
Дар навбати худ, сардабири рӯзномаи «ИмрӯзNews» Назири Нусрат дар ин робита ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки саволҳо ба Воҳидова аз ҷониби журналист Фурӯзон Аъзамзода бо такя ба шарҳҳои худи Воҳидова дар шабакаи Фейсбук омода шудааанд.
Ба савол дар бораи истифода аз шарҳҳои Воҳидова дар сарлавҳаи мақола сардабир посух додан нахоста, онро ба қадри нокофӣ шинос буданаш бо матни мақола асоснок намуд.
Файзинисо Воҳидова бо тасдиқи суханони сардабир мегӯяд, ӯ дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ оид ба далели садамаи нақлиёт, талаб кардани 20 ҳазор доллар, ки онро ҳамдиёрони ҳалокшуда зимни сафараш ба Ғончӣ гуфтаанду хешовандонаш тасдиқ намудаанд, дар шабака навиштааст, вале дар навиштаҳо ҳеҷ гоҳ аз истилоҳи «мурдафурӯшӣ» кор набурдааст.
Дар робита ба чопи раддия дар рӯзнома, ки ба он ширкати «Тоҷирон» исрор меварзад, сардабири рӯзнома изҳор намуд, ки пас аз 15 рӯзи интишори мақола онҳо раддияи ширкатро ба нашр расонидаанд.


