Ёвари Котиби давлатии ИМА ба Тоҷикистон меояд

Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк имрӯз бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бораи департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нимаи дуюми имрӯз Роберт Блейк бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид анҷом медиҳад. Дар мулоқоти мазкур […]

Пайрав Чоршанбиев


Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк имрӯз бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бораи департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нимаи дуюми имрӯз Роберт Блейк бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид анҷом медиҳад.

Дар мулоқоти мазкур баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар назар аст. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҷумла атрофи масоили имконоти амалисозии стратегияи «Роҳи нави Абрешим»-и ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин вазъи кунунӣ дар Афғонистон табодули назар хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи иттилоотии «Роҳи абрешим» бо истинод ба хадамоти матбуоти департаменти давлатии ИМА менависад, зимни ин сафар Р.Блейк ҳайати ИМА дар ҷаласаи нимсола дар чаҳорчӯби машваратҳои дуҷонибаи ҳамасолаи Тоҷикистону Амрикоро сарварӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ёвари Котиби давлатии ИМА ҳамчунин бо шахсони расмии воломақоми ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони доираҳои тиҷоратии маҳаллӣ ва ҳамчунин роҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.