Зарифӣ: Барои ҳамкорӣ бо Атовуллоев мо ҳеҷ кишвареро маҳкум намекунем

Тоҷикистон кишвари озод буда, шаҳрвандони он роҷеъ ба ҳама гуна масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар озодона андешаи худро баён карда метавонанд ва бо ин сабаб барои ҳамкорӣ бо журналисти тоҷик Додоҷон Атовуллоев, ки берун аз ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ дорад, мо ҳеҷ кишвареро маҳкум карда наметавонем. Чунин ибрози андеша намуд оид ба ин масъала имрӯз зимни нишасти […]

Аваз Юлдошев


Тоҷикистон кишвари озод буда, шаҳрвандони он роҷеъ ба ҳама гуна масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар озодона андешаи худро баён карда метавонанд ва бо ин сабаб барои ҳамкорӣ бо журналисти тоҷик Додоҷон Атовуллоев, ки берун аз ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ дорад, мо ҳеҷ кишвареро маҳкум карда наметавонем. Чунин ибрози андеша намуд оид ба ин масъала имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ.

Дар идома ӯ зикр намуд, ки «мардуми Тоҷикистон «бидуни ишораи» афроде чун Атовуллоев ҳам аз тамоми масоил ба хубӣ огоҳ аст».

Дар посух ба саволи журналистон бобати нияти дар маъракаи интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ ба сифати номзад иштирок кардан, Зарифӣ изҳор кард: «Ман қобилияти идоракунии давлатро надорам ва агар аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздам гузошта ба сифати вазир ба хубӣ бароям, ин ҳам бароям хушбахтӣ аст».

Дар идома вазири корҳои хориҷӣ изҳори итминон кард, ки маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон шаффоф ва дар вазъи демокративу орому субот баргузор хоҳад шуд. «Ҳатто агар кӯшишҳои дахолат аз хориҷи кишвар ба ин раванд шавад ҳам, боварӣ дорам, ки интихобот оромона сурат мегирад», – таъкид дошт Зарифӣ.

Дар робита ба масъалаи иштироки шаҳрвандони кишвар дар ҳайати гурӯҳҳои мусаллаҳ дар қаламрави давлатҳои дигар Зарифӣ гуфт, «чунин ҳодисаҳо дар натиҷаи он ба вуқӯъ мепайванданд, ки шаҳрвандони тоҷики муқими кишварҳои хориҷӣ рӯйдодҳои вақти он ҷоро дуруст арзёбӣ карда наметавонанд».

«Масалан, мо огаҳем, ки имрӯз тоҷикон ҳам дар сафи нерӯҳои ҳукумати Сурия ва ҳам дар қатори нерӯҳои мухолифи ин кишвар меҷанганд», – иброз дошт Зарифӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.